Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз ёфт

Август 2, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз, 1 август бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ дар ҳамбастагӣ бо Федератсияи тенниси Тоҷикистон дар Қасри тенниси шаҳри Душанбе маросими кушодашавии Мусобиқаи XII байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасони то 16-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он варзишгарон аз 7 давлати ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Покистон ва Шветсия иштирок доранд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 ба тақвими чорабиниҳои Федератсияи байналмилалии теннис ворид гардид. Ин имкон медиҳад, ки нуфузи мусобиқа дар арсаи байналмилалӣ баланд гардида, шумораи хоҳишмандон барои иштирок дар он бештар шавад.

Хотиррасон мекунем, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 2005 нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Сипас дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2006 моҳи август ҳамасола дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон роҳандозӣ мегардад.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 6 август идома меёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 2, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд