Дар Душанбе нақшаи ҳаракати автобусхо дар хатсайри 33 тағйир ёфта, рақами хати сайри автобуси 13 иваз мешавад

Август 31, 2022 08:55

ДУШАНБЕ, 31.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз 1 сентябри соли равон дар хатсайри автобусии №13 (кӯчаи Гагарин-маҳаллаи Авул) бе тағйири нақшаи ҳаракат рақами хати сайр иваз гардида, минбаъд ин хатсайр таҳти рақами 17 фаъолият менамояд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар хатсайри автобусии №17 фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Гагарин, Рӯдакӣ, И. Сомонӣ, А. Сино, А. Ғуломов то маҳаллаи Авул роҳандозӣ мегардад.

Инчунин шуруъ аз 1 сентябр дар нақшаи ҳаракати хатсайри автобусии №33 низ тағйирот ворид гардида, фаъолияти автобусҳо тавассути кӯчаву хиёбонҳои Мастонгулов, А. Дониш, Дӯстии халқҳо, Н. Муҳаммад, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Шотемур, Қ. Раҳимов, Меҳнат, Шарқ, Лоиқ Шералӣ, Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозӣ то бозори Кушониён ба роҳ монда мешавад.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи «АКИА» истифода баранд.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Август 31, 2022 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд