«ДАР ИН БОРА ТАНҲО ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ИЗҲОР МЕДОРАНД…». Ба андешаи муаллифи агентии иттилоотии «Sputnik»-и Русия, сарони кишварҳои дигари минтақаро мебояд ба ҳушдорҳои ҳамтои тоҷики худ гӯш диҳанд
ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти толибон, ки дар Афғонистон ҳокимиятро ғасб кардаанд, аз ҳадди эътидол мегузаранд. Нахуст, яке аз фармондеҳони маъмули низомии исломгароён Тоҷикистонро барои «дахолат ба корҳои дохилии онҳо» таҳдид мекунад ва баъдан котиби матбуотӣ кишварҳои минтақа ва ҳамзамон Русияро итминон медиҳад, ки онҳо ба ҳамсоягони худ ҳеҷ хатаре надоранд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора сиёсатшинос Алексей Юсупов дар мақолае навиштааст, ки онро 30 август агентии иттилоотии «Sputnik»-и Русия дар сомонааш нашр кардааст.
«Ин гуногунбаёниҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки миёни роҳбарият (толибон – Тавз. АМИТ «Ховар») ихтилоф аст. Фраксияи низомиён, ки тайи 20 соли муқовимат бо СААШ (анг. NATO) одат кардааст ҳама мушкилотро бо зӯрӣ ҳалу фасл намояд, таҳдиди ҷанг ва изҳороти тунд мекунад», — менависад Алексей Юсупов дар мақолаи худ «Агар сулҳ хоҳед, ба ҷанг омода шавед…».
«Қисмати ғайринизомии ҳукумат кӯшиш мекунад, ки тадриҷан аз террористон халос шавад ва худро ҳамчун тарафдорони сулҳи тамоми ҷаҳон нишон диҳад. Аммо бояд дарк кард, ки толибон гурге дар пӯсти гӯсфанд ҳастанд», — иқтибос меорад муаллиф аз таҳлилгар Александр Афанасйев дар мақолаи худ.
Ба гуфтаи Афанасйев, боварии ифротиҳо ба неруи худ аз кӯҳҳои аслиҳа, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи низомии СААШ, ки ҳангоми баромадан аз кишвар партофта шудаанд, маншаъ мегирад. Гузашта аз ин, коршинос итминон дорад, ки ин кор қасдан анҷом дода шудааст.
«Дар паҳлуи кишварҳои Осиёи Марказӣ макони бузурги ташаннуҷ, ки ба якпорчагии онҳо таҳдид мекунад, пайдо шуд», — идома медиҳад Афанасйев.
Ба гуфтаи Алексей Юсупов, Тоҷикистон ва Русия аз фаъол шудани террористон дар Афғонистон нигаронанд. Кишварҳои дигари минтақа ҳокимияти нави Кобулро таҷовузкор намешуморанд ва ҷонибдори густариши густурдаи ҳамкории иқтисодӣ бо он ҳастанд.
«Ва танҳо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гуна чорабиниҳо изҳор медоранд, ки то ҳукумати фарогире, ки манофеи тамоми халқу миллатҳои муқими Афғонистонро ифода мекунад, таъсис дода нашавад, эътирофи ҳокимияти нав пайомади нохуш хоҳад дошт», — менависад Юсупов.
Ахиран Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу вазъ дар Афғонистонро «чолиши ҷиддии амниятӣ дар Осиёи Марказӣ» номид. Ҳамзамон ӯ зикр кард, ки таҳдиди асосӣ на он қадар аз толибон, балки аз гурӯҳҳои ҷангии ДОИШ (ДИ, Давлати исломӣ)* ва Ал-Қоида*, ки зери қаноти толибон паноҳ ёфтаанд, бармеояд. Гузашта аз ин, ба иттилои хадамоти иктишофӣ, шумораи онҳо пайваста афзоиш меёбад ва Кобул наметавонад ин ҷангиёнро назорат кунад.
Дар ин замина, Сергей Шогйу таъкид кард, ки Русия қасд дорад «ба пойгоҳҳои низомӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон неруҳои иловагии вокуниш ба буҳрон» фиристад.
«Шояд сарони кишварҳои минтақаро низ мебояд ба ҳушдорҳои ҳамтои тоҷики худ гӯш диҳанд, то баъд пушаймон нагарданд», — хулоса мекунад Алексей Юсупов.
_______________________
* Созмонҳои террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия.
ДАР АКС: сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






