Дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи ҳисоботии Фраксияи ҲХДТ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. 19 август ҷаласаи ҷамъбастӣ – ҳисоботии Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар ҷаласа муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода, роҳбарият ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» — и дастгоҳи Маҷлиси намояндагон иштирок намуданд.
Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода иброз дошт, ки тибқи муқаррароти дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2021, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва амалигардии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ (самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат дар солҳои 2020 — 2025) аз 4 январи соли 2022 то 10 январи соли 2022 ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафари хизматӣ анҷом доданд.
Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ аъзои Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35 ҷаласаи Шӯро ва 29 иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар доираи он беш аз 665 санади меъёриву ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар робита ба ин, аз рӯи масъалаҳои баррасишуда 466 қарори Шӯро ва 197 қарори Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргарида қабул гардиданд.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, 127 қонун, аз ҷумла 20 қонуни мукаммал, 3 кодекс, 6 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 56 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 42 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 39 созишномаву протоколҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ манзур гардидаанд.
Инчунин дар ин рӯз дар ташкилоти ҳизбии «Қонунгузор»-и дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳисоботӣ — интихоботӣ доир гардид. Зимни он интихоби Раиси ташкилот, муовин ва аъзои раёсати ташкилоти ҳизбии «Қонунгузор» – и дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аз рӯи масъалаи мазкур Наҷибулло Оқилзода- раис, Абдусамад Эсанқулов- муовин ва 4 нафар аъзои Раёсати ташкилоти ҳизбии “Қонунгузор” – и дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ








Умед Бобозода ва Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ масоили ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуданд
Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Восеъ бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти иҷтимоӣ ва роҳҳои нав ба истифода дода шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ному осори Абуалӣ ибни Сино боиси сарфарозии тамоми инсоният гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии аҳолӣ сарвати асосии давлат мебошад»
Бо дастури Пешвои миллат ба оилаи аз офати табиӣ зарардида дар Кӯлоб хонаи нави истиқоматӣ тақдим гардид
«ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ». Гурӯҳи тарғиботӣ — ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод ва Шаҳринав дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро муаррифӣ намуд
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
10 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи деҳаи Баррӯшон соҳиби манзилҳои нав мешаванд
Бахшида ба Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулода самти асосии фаъолияти ин ниҳод аст






