Дар Суғд фаъолияти муштараки доираҳои тиҷоративу соҳибкории Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид

Август 8, 2022 08:55

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи Палатаи савдои Ҷопон дар Осиёи Марказӣ Накамура Дайсеки ва соҳибкори ҷопонӣ Чида Хикару мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо густариши робитаҳои иқтисодӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопонро мавриди баррасӣ қарор доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилоят.

Ҷонибҳо ҳамзамон ба масъалаи ташкили корхонаи коркарди партов дар шаҳри Хуҷанд таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Раиси вилоят иброз намуд, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, ҷиҳати расидан ба он бо доираҳои тиҷоративу соҳибкории кишварҳои гуногун ҳамкорӣ густариш меёбад.

Вилояти Суғд дорои имконияти фаровон буда, доираҳои соҳибкории вилоят ҳавсманданд, ки якҷо бо шарикони рушд тарҳҳои муштарак амалӣ намоянд.

Накамура Дайсеки оид ба фаъолияти Палатаи савдои Ҷопон дар Осиёи Марказӣ маълумот дода, изҳори боварӣ намуд, ки соҳибкорони ду ҷониб дар оянда барои тақвияти робитаҳо аз тамоми имконот истифода мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Август 8, 2022 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид
Имсол аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардидааст