Дар Тоҷикистон аз хатари омадани сел ҳушдор дода мешавад

Август 11, 2022 11:37

ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид, бориши шадид ва раъду барқ ​​дар назар буда, дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ омадани сел пешгӯӣ мешавад. 11-12 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои ноҳияҳои шарқии ВМКБ омадани селҳои дорои хусусияти пиряхӣ дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар пайи номуътадил гардидани ҳаво аз 10 то 12 август дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳии ҷумҳурӣ бориши шадид ва омадани сели хавфнок дар назар дошта шудааст.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳушёр бошанд.

Ҳамчунин аз 13 то 16 август дар саросари мамлакат ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо шиддати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19-22 ва рӯзона 36-39 дараҷа гарм мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 11, 2022 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд