Дар Тошканд вохӯрии вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардад

Август 16, 2022 12:41

ДУШАНБЕ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тошканд музокироти нави Машварати чоруми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Баргузории машварат 17-18 август дар назар аст. Он дар Узбекистон дар чаҳорчӯби раёсати ин кишвар дар СҲШ доир мешавад.

Дар кори машварат ҳайатҳои роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилӣ ва амнияти ҷамъиятии кишварҳои узви СҲШ, кишварҳои нозир дар назди СҲШ, инчунин Интерпол, Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ, Бюрои ҳамоҳангсозии фаъолият дар мубориза ба муқобили ҷинояткории муташаккил ва дигар навъҳои хавфноки ҷиноятҳо дар ҳудуди давлатҳои аъзои ИДМ ва Маркази зиддитеррористии ИДМ иштирок менамоянд.

«Дар доираи машварат ҳамчунин мулоқоти дуҷониба бо сарони ҳайатҳо ҷиҳати баррасии масъалаҳои мукаммалсозии ҳамкории байналмилалӣ  дар назар дошта шудааст», — гуфт манбаъ.

Дар рӯзномаи ҷаласа баррасии масъалаҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва моддаҳои психотропӣ пешбинӣ шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 16, 2022 12:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд