«EAST CUP STARS OLYMPIC». Варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии гимнастикаи бадеӣ соҳиби 10 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Гимнастҳои ҷавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии гимнастикаи бадеии «East Cup Stars Olympic» («Ҷоми Шарқ – ситораҳои олимпӣ») як медали тилло, панҷ нуқра ва чор биринҷӣ ба даст оварда, соҳиби Ҷоми даставии мусобиқа гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Сармураббии дастаи мунтахаби гимнастикаи бадеии Тоҷикистон Мижгона Шарифова хабар дод.
Мусобиқа 24-25 август дар Фарғона баргузор гардида, дар он медали тиллоро варзишгари тоҷик Ариана Сафарова ба даст овард.
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро тарбиятгирандагони Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ дар шаҳри Душанбе намояндагӣ карданд.
Дар мусобиқа 10 нафар духтарони аз 7 то 13-сола, ки дар категорияҳои А, В ва С иштирок доштанд, медал ба даст оварданд. Аз ҷумла, Марям Шукурова, Ясмина Ҳамидова, София Турсунзода, Азиза Нурализода ва Елизавета Стрелникова ҷойҳои дуюмро ишғол карданд.
Медалҳои биринҷӣ ба Вазира Абдусатторова, Шукрон Саидова, Ҳосия Ворисӣ ва Роҳила Тоҷиддинова супурда шуданд.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 300 варзишгар аз 8 кишвар, аз ҷумла Узбекистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра ширкат доштанд.
Дар мусобиқа варзишгаронро Сармураббии дастаи мунтахаби гимнастикаи бадеии Тоҷикистон Мижгона Шарифова, мураббиён Албина Гордина ва Чинигул Узбекова ҳамроҳӣ карданд.
АКС: Мактаби варзишии гимнастикаи бадеии Душанбе








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






