Фарҳод Раҳимӣ: «Бояд роҳи 31-солаи тайкардаи мамлакатро тавъам бо кору пайкори Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба риштаи таҳқиқ кашем»

Август 31, 2022 13:49

ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамояд. Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар мавриди эълони корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеаи мамлакат ҳамовозӣ пайдо менамоянд. Ҳар сол то баргузории ин ҷашни бузурги миллӣ дар мамлакат зиёда аз ҳазорон иншооти нави иҷтимоӣ ва садҳо километр роҳҳо сохта, ҳазорон гектар боғу токзори нав бунёд карда мешаванд. Рӯ овардан ба илм, донишомӯзӣ ва бахусус, аз худ кардани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  қадами муҳимест дар рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон.

Чунин нигоштааст президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ дар мақолаи хеш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

Дар зер андешаҳои муаллиф бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши хонандагон мегарданд.

— Вақте ки сухан аз истиқлолияту соҳибихтиёрӣ меравад, мо бояд ин пайроҳаи 31-солаи тайкардаи мамлакатро  тавъам бо кору пайкори  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ намоем ва онро ба риштаи таҳқиқ кашем. Чунки ҷойи ҳеҷ шакку шубҳа нест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин лаҳзаи ба ҳайси Роҳбари кишвари тозаистиқлоли тоҷикон интихоб гардидан  бо шиори «Ман ба шумо сулҳ меорам» умеди мардумро дубора ба ояндаи неки кишвару давлат зинда карданд ва баъдан бо раҳбариву раҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубталошудаи моро аз ин вартаи фалокатбор берун кашиданд ва бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан истиқлолияти воқеии онро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуданд.

Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастанопазири пайвастаи он кас барои тадриҷан ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам овард. Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи мактабу маориф, илму фарҳанг, иқтисодиёту саноат, тандурустӣ ва дар маҷмӯъ барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад. Хидматҳои беназири Президенти Тоҷикистон инчунин дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон, новобаста аз миллату нажод, забон ва дину оин, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии миллат дар арсаи байналмилалӣ  муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешаванд. Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё кардани арзишҳои волои фарҳангии миллӣ хизматҳои шоиста кардаанд.

Набояд таърихро зуд фаромӯш кард, онро бояд донист, дар гӯшаи хотир нигаҳ дошт ва аз он сабақ омӯхт. Баъдан онҳое, ки эҳтимол қобилияти мустақилона фикр кардану давлатдорӣ намудан ва миллатро сарпарастӣ кардан надоштанд, он солҳо ба ваҳму таҳлука афтоданду (ба монанди рӯзҳои аввали ба кишвар роҳ ёфтани пандемияи коронавируси нав, ки бо тавсеаи баъзе бадхоҳони дар хориҷи мамлакат қарордошта, фазои мамлакатро тарсу воҳима фаро гирифта буд) зимоми давлату қудратро аз даст доданд, тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатиро фалаҷ ва хокимиятро ба дасти афроди бетаҷрибаву хушкдимоғу хушкмағзе гузоштанд, ки дар муддати кӯтоҳ мамлакат ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Кишвар мотамзада, миллат пароканда, давлат бесоҳиб, марзу бум бемуҳофиз ва дар ба рӯйи аҷнабиёни бедодгару мазҳабпарасту ғоратгар кушода шуд. Гурӯҳе ё гурӯҳаке, ки солҳо боз чунин фурсати муносиб меҷуст, бо номи муқаддаси ислом, аммо бо сад фикру андешаи ғайримазҳабию ғайриисломӣ талоши ба сари қудрат омадан карду билохира тобистони соли 1992 пойтахти мамлакатро тасарруф ва хайру баракаро аз ин сарзамин бурда, арзишу фарҳанги миллиро зери по намуда, ба пиёда намудани тарҳи хоҷагони хориҷиашон бо мақсади таъсиси як ҷумҳурии исломии мазҳабии ба мазҳаби аҷдодии мову шумо бегона даст заданд. Ин таърих аст ва онро набояд фаромӯш намоем. Дарё – дарё хуни тоҷик рехта шуд, ҳеҷ хонае набуд, ки ҷигарбандашро, сарпарасташро, ақрабои наздикашро, дӯсту ҳамсабақу ҳамкорашро аз даст надода бошад. Яксаду панҷоҳ ҳазор фарзанди ин миллат кушта шуда, ҳазорҳо хонаву деҳоту иншооти иҷтимоӣ аз байн рафт ва аз ҳама бадтар он буд, ки риштаи умед ба оянда канда шуд.

Нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ва бунёдгузори давлати миллӣ дар амри таъмини истиқлолияти воқеии давлатӣ, ба даст овардани ваҳдати миллӣ  ва ҳастию бақои миллати тоҷик дар тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат баръало зоҳир мегардад ва таърихи навини кишвар бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд. Таҷриба ва амалияи сулҳи байни тоҷикон, ки бо ташаббус ва сарварии бевоситаи Пешвои миллат амри воқеӣ гардид, на танҳо аҳамияти умумимиллӣ, балки аҳамияти байналмилалӣ дорад. Ин таҷриба дар таърихи башарият падидаи беназир маҳсуб гардида, метавонад барои фурӯ нишондани оташи низоъҳои дохилӣ дар минтақаҳои мухталифи даргири ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои даргири ҷанги дохилӣ мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Баъдан, эҳёи мактабу маориф ва илму фарҳанг бо мақсади боло бурдани маърифат ва ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ ва  рушди соҳаи тандурустӣ ва варзиш ба хотири насли солим ва миллати солим аз ибтикороти  ҷиддии дигари Пешвои миллат мебошанд.

Маълум аст, ки дар солҳои ҷанги таҳмилии дохилӣ мактабу маориф ва илму фарҳанг ба мушкилоти сахт мувоҷеҳ гардид. Дар чунин шароити буҳронӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат сиёсати нави маорифу фарҳанг ба вуҷуд оварда шуд, ки ба гиромидошти гузаштаи пурифтихор, ҳифзи анъанаҳои неки мавҷуда  ва бунёди ояндаи дурахшон нигаронида шудааст. Сарвари давлати тоҷикон дар суҳбату мулоқот ва суханрониҳои худ зарурати маърифатнокии ҷомеаро таъкид мекунанд ва донишмандонро ба омӯзиши амиқи таъриху тамаддуни миллати бостонии тоҷик даъват менамоянд. Илова бар ин, худи Пешвои миллат низ ба таҳқиқи гузаштаи пурифтихори миллат таваҷҷуҳ зоҳир карда, баъзе саҳифаҳои дурахшони ибратбахшу маърифатомӯзи таъриху забону фарҳанги миллатро манзури хонандагон мегардонанд, ки китобҳои «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Имоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор», «Забони миллат-ҳастии миллат» ва дигар шоҳасарҳои эҷоднамудаашон  шоҳиди ин гуфтаҳост. Саҳми Пешвои миллат  дар амри истиқлолияти фарҳангии тоҷикон назаррас аст. Ба андешаи устоди зиндаёд, академик Муҳаммадҷони Шакурӣ, «Фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст. Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфтанд, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд».

Таваҷҷуҳи доимӣ ба забони ноби модарӣ, адабиёту фарҳанг ва гиромидошти бузургони гузаштаи мо аз самтҳои асосии сиёсати хирадмандонаи фарҳангии Пешвои миллат ба ҳисоб меравад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои миллат ба рушду тавсеаи забони тоҷикӣ ба сифати нахустунсури ҳастии миллат ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳои мушаххас ва муассир андешида шуданд. Мақому мартаба ва нуфузу эътибори забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар миқёси мамлакат боло рафт. Бо мақсади бедор кардани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ҷашни Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ба сифати ҷашни умумибашарӣ эътироф карда шуд. Ҳамчунин таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламшумули гузаштагон, аз қабили симпозиумҳои байналмилалии ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1994), 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1995; 2015), 675-солагии Хоҷа Камол (1996), 1000-солагии Носири Хусрав (2003), 1025-умин солгарди Абӯалӣ ибни Сино (2005), 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2008), 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ (2014), 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ (2015), 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 90-солагии Мирзо Турсунзода (2011), 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ (2020) ва ғ. барои худшиносии миллӣ, ҳамчунин шиносонидани ҷаҳониён бо шахсиятҳои варзида ва таърихи тоҷикон аҳамияти ҷудогона дорад.

Танҳо дар замони Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид, ки Тоҷикистон ба давлати ягонаи дорои роҳҳои рафтуомади доимӣ мубаддал гардад. Бо ибтикори Пешвои миллат  дар маҷмӯъ, зиёда аз 31 километр нақб, 2000 километр роҳҳои мошингард ва 200 пул сохта ба истифода дода шуд. Бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон» ва «Хатлон» рафтуомади мардуми минтақаи шимолро ба марказ ва ҷануби Тоҷикистон дар чор фасли сол таъмин намуд. Ҳамчунин дар ин муддат 270 неругоҳи барқии обии хурду миёна ба истеҳсоли неруи барқ шурӯъ намуд ва тавассути кашидани хатти интиқоли барқи баландшиддат шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва иштироки мустақими он дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар масоили марбут ба Афғонистон, мубориза бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ ва ғ. саҳми назаррас доранд. Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллати тоҷикон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар саросари ҷаҳон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва «Солҳои 2018-2028 об барои рушди устувор» эълон гардиданд. Ташаббусҳои созандаи эшон фаромиллӣ буда, ба беҳбуди зиндагию рӯзгори на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки мардуми минтақа ва ҷаҳон нигаронида шудаанд. Ба андешаи узви парламенти Аврупо аз ҳизби халқии Тироли ҷанубии Италия Ҳербет Дофман, «ташаббусҳои Президент мояи ифтихори мардуми Тоҷикистонанд».

Самти дигари фаъолияти авлавиятноки Пешвои миллат  дар бунёдкорӣ ва ободонии Тоҷикистон таҷассум меёбад ва таваҷҷуҳи ҳамешаи эшон ба ободкорию созандагӣ мардуми мамлакатро ба ояндаи неку дурахшон умедвор месозад. Дар давраи роҳбарии Пешвои миллат шаҳру деҳоти Тоҷикистон воқеан симои худро дигар карданд. Дар ин муддат садҳо иншооту корхона ва биноҳои фарҳангию маъмурӣ ва ҳазорон-ҳазор биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Бунёди биноҳои «Кохи Наврӯз», «Қасри миллат», «Китобхонаи миллӣ», «Наврӯзгоҳ», «Душанбе-Плаза», «Боғи Ирам», «Осорхонаи миллӣ», қасри «Оли Сомон», муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ғ. дар олами худ назиру собиқа надоранд.

Ба даст овардани соҳибихтиёрӣ неъмати бузургест, ки насиби мардуми мо шуд. Имрӯзҳо мардуми мамлакат, хурду бузург, мақомоти давлатӣ, идораву муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо ва хулоса тамоми ҷомеаи Тоҷикистон ба таҷлили ин ҷашни муқаддас омодагӣ мегиранд, аз ибтидои душвори даврони соҳибистиқлолӣ сухан мегӯянд, гузашти 31 солро таҳлилу хулосабарорӣ ва  ояндаи ватанро пешгӯӣ менамоянд. Ва ҳамагон ба ояндаи дурахшони Ватани азизи худ- Тоҷикистон боварии комил доранд.

Ҳумоюн бод ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

       Фарҳод РАҲИМӢ,
президенти Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, академик

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 31, 2022 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад
Дар шаҳраки 13-уми шаҳри Хуҷанд барои пиронсолон мавзеи фароғат месозанд
Дар маҳаллаи «Зафар»-и Истаравшан маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ 12 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТӢ ДАВЛАТӢ. Дар Бохтар майдончаи кӯдакона ба истифода дода шуд