ФУТБОЛ. Ҳамаи иштирокчиёни марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо маълум шуданд

Август 25, 2022 12:35

ДУШАНБЕ, 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамаи дастаҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои Ассотсиатсияи футболи Аврупо (УЕФА) дар мавсими 2022-2023 бозӣ хоҳанд кард, маълум шуданд. «Динамо»-и Загреб, «Копенгаген» ва «Рейнджерс» аз ҳама охир ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфта, дар сабади чорум қарор гирифтанд.

Ҳамин тариқ, дар Лигаи Чемпионҳо аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои ҷавобии даври интихобӣ ҳайати пурраи иштирокчиёни марҳилаи гурӯҳии мусобиқа ташкил карда шуд.

Дар қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дастаҳои зерин иштирок мекунанд:

Сабади 1: «Реал Мадрид», «Айнтрахт», «Манчестер Сити», «Милан», «Бавария», «ПСЖ», «Порту», «Аякс;

Сабади 2: «Ливерпул», «Челси», «Барселона», «Ювентус», «Атлетико», «Севиля», «РБ Лейпсиг», «Тоттенхэм»;.

Сабади 3: «Боруссия» (Дортмунд), «Залсбург», «Шахтёр», «Интер», «Наполи», «Бенфика», «Спортинг», «Байер».

Сабади 4: «Копенгаген», «Марсел», «Брюгге», «Селтик», «Виктория Плзен», «Маккаби» (Хайфа), «Рейнджерс», «Динамо» Загреб.

Тавре маълум аст, дастаҳои Русия аз ширкат дар ин мусобиқа маҳрум шудаанд.

Имрӯз, 25 август қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо баргузор мегардад.

ДАР АКС: «Динамо»-и Загреб дар вохӯрии охирини даври интихобӣ дар вақти иловагӣ дастаи «Бодо-Глимт»-и Норвегияро мағлуб кард. Акс: ТАСС

Август 25, 2022 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад