«ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД». Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи вилоятӣ миёни кӯдакон баргузор гардид

Август 16, 2022 13:50

ХОРУҒ, 16.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба пешвози 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим мусобиқаи «Футбол ба назди шумо меояд» доир гардид. Дар он кӯдакони соли таваллудашон 2011-2013 аз шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Рӯшон, Роштқалъаву Ишкошим ширкат намуданд. Мусобиқаи мазкур бо ибтикори Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва кумаки молиявии ширкати мобилии Тселл доир гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ФФТ.

Даври аввали мусобиқаи кушоди футболи хурд дар шаҳру деҳоти ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ шуда, ғолибони ин давр дар мусобиқаи вилоятӣ ширкат намуданд.

Аз миёни наврасони соли таваллуди 2013 дастаи шаҳри Хоруғ бар дастаи ноҳияи Ишкошим пирӯз шуда, мақоми аввалро аз худ намуд.

Ҳамин тариқ, ҷойҳои дуюму сеюмро дастаҳои Ишкошиму Шуғнон ба даст оварда, соҳиби ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд. Миёни наврасони соли таваллуди 2011 мақоми аввалро дастаи Ишкошим, ҷои дувумро дастаи Шуғнон ва мақоми сеюмро дастаи Роштқалъа ишғол намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 16, 2022 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад