ФУТБОЛ. Пагоҳ бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 19.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20-21 август бозиҳои даври сенздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд. Дар даври 13-ум дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан, «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Равшан» -и шаҳри Кӯлоб бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар вомехӯранд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳафтаи гузашта пас аз танаффуси якмоҳа бозиҳои даври дувоздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ хеле ҷолиб баргузор шуданд. Бозии аввали давр миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ин дидори ҷолиб дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
12 август 2 бозӣ сурат гирифт. Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истравшан дар майдони худ бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 3:0, дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бар дастаи футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд. 13 август дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дастаи КМВА-и шаҳри Душанберо бо ҳисоби 3:2 ва 14 август дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода дар сафар дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.
Натиҷаи дастаҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ
| Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х | ||
| 1 | «Хатлон» (Бохтар) | 10 | 5 | 4 | 1 | 10-5 | 19 |
| 2 | «Равшан» (Кӯлоб) | 11 | 5 | 4 | 2 | 12-9 | 19 |
| 3 | «Файзканд» (Восеъ) | 11 | 5 | 3 | 3 | 14-16 | 18 |
| 4 | «Истиқлол» (Душанбе) | 7 | 5 | 2 | 0 | 21-5 | 17 |
| 5 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 11 | 4 | 1 | 6 | 15-9 | 13 |
| 6 | КМВА (Душанбе) | 9 | 4 | 1 | 4 | 14-15 | 13 |
| 7 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 10 | 3 | 4 | 3 | 8-6 | 13 |
| 8 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 11 | 3 | 2 | 6 | 16-22 | 11 |
| 9 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 10 | 3 | 1 | 6 | 10-14 | 10 |
| 10 | «Равшан» (Зафаробад) | 12 | 1 | 4 | 7 | 9-28 | 7 |
Рӯйхати беҳтарин нишонзанҳо: Дилшод Бозоров («Эсхата») – 9 гол, Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз – «Истиқлол») – 5- голӣ, Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Шарафҷон Солеҳов аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе, Мбеке Сиябатчу Деудони («Истаравшан») – 5- голӣ.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






