ФУТБОЛ. «Хатлон» ба садри ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баромад

Август 25, 2022 10:09

ДУШАНБЕ, 25.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 24 август се бозии мавқуфмондаи марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардиданд. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба дарвозаи ҳамдигар гол зада натавонистанд ва бозии мазкур бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ду бозии дигар дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи «РегарТадАЗ»-и шахри Турсунзода бо ҳисоби якхелаи 3:0 пирӯз шуданд. Голҳоро дар ҳайати дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар Нуриддин Ҳамроқулов, Саидшо Бозоров ва Тоҳир Тағойзода ба нишон расониданд. Дар ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Далер Ёдгоров ду гол ва Сергей Сканян як гол ба номашон навиштанд.

Бозиҳои даври чордаҳум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ чунин аст:

2 сентябр (ҷумъа)
Оғоз – соати 17:00
«Эсхата» – «Регар-ТадАЗ»

3 сентябр (шанбе)
Оғоз – соати 17:00
«Истаравшан» – «Равшан» (Зафаробод)
«Равшан» (Кӯлоб) – КМВА

4 сентябр (якшанбе)
Оғоз – соати 17:00
«Хуҷанд» – «Хатлон»
«Файзканд» – «Истиқлол»

Натиҷаи дастаҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ

 

    Б Ғ М Б Т-Т Х
1 «Хатлон» (Бохтар) 12 6 4 2 13-6 22
2 «Истиқлол» (Душанбе) 10 6 3 1 22-6 21
3 «Файзканд» (Восеъ) 12 6 3 3 15-16 21
4 «Равшан» (Кӯлоб) 13 5 5 3 14-12 20
5 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 12 5 4 3 14-8 19
6 КМВА (Душанбе) 12 5 2 5 16-19 17
7 «Истаравшан» (Истаравшан) 12 4 2 6 16-10 14
8 «Эсхата» (Хуҷанд) 12 3 2 7 16-24 11
9 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 12 3 1 8 10-18 10
10 «Равшан» (Зафарабад) 13 2 4 7 11-28 10

Рӯйхати беҳтарин нишонзанҳо: Дилшод Бозоров («Эсхата») – 9 гол, Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳама аз – «Истиқлол») – 5- голӣ, Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ»), Шарафҷон Солеҳов аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе, Мбеке Сиябатчу Деудони («Истаравшан») – 5- голӣ.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 25, 2022 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад