Хизматчиёни давлатӣ тавассути барномаи бурсиявии KOICA барои таҳсили дусола ба Корея мераванд

Август 22, 2022 09:49

 ДУШАНБЕ, 22.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 нафар хизматчиёни давлатӣ аз вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Агентии хизмати давлатӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои таҳсил ба Корея фиристода мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатӣ.

20 август муовини Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода бо хизматчиёни давлатӣ, ки тавассути барномаи бурсиявии KOICA барои таҳсил ба давлати Корея фиристода мешаванд, мулоқот намуд.

Иқдоми мазкур дар заминаи муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Корея, ки аз 27 апрели соли 1992 ба роҳ монда шудааст, сурат гирифта, дар доираи ҳамкории сохторҳои дахлдор бо Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи Корея бурсияҳо ҷудо карда шудаанд. Дар робита ба ин тибқи озмуни эълоннамудаи Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти бурсияҳо барои таҳсили дусола дар Корея 6 нафар хизматчиёни давлатӣ аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб баромада, аз 21 август то 29 августи соли равон барои таҳсил дар солҳои 2022-2024 ба Корея фиристода мешаванд.

Дархости мазкур ҷиҳати иштироки довталабон-хизматчиёни давлатӣ барои дарёфти бурсияҳо аз ҷониби Сафорати Корея дар Тоҷикистон пешниҳод гардида, ин бурсияҳо аз рӯи 11 номгӯй ихтисос танҳо барои хизматчиёни давлатӣ муқаррар карда шудаанд.

Зимни мулоқот Дилноза Аҳмадзода иброз намуд, ки баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни давлатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кадрсозӣ ба ҳисоб рафта, давлат ва Ҳукумати мамлакат ба такмили донишҳои маҷмӯии хизматчиёни давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳамасола барои бо таҳсили дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ тадбир меандешад.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти ҶТ

Август 22, 2022 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид