Хонандагони шаҳри Кӯлоб дар лагери беруназшаҳрии «Шарора»-и Муъминобод ба истироҳат фаро гирифта шуданд
КӮЛОБ, 24.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имсол вобаста ба имконият як гурӯҳ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб дар лагерҳои наздимактабӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон маорифчиён кӯшиданд дар лагери беруназшаҳрии «Шарора», ки дар ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст, хонандагонро ба истироҳати бофароғат фаро гиранд. Лагери мазкур муддати ду сол фаъолият намекард ва аксари биною иншооти он таъмирталаб гардида буд.
Сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб Қадамшо Ҳакимзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА иттилоъ дод, ки имсол дар лагери беруназшаҳрӣ дар ду баст 265 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Аз фаъолияти басти дуюми лагери беруназшаҳрии мактаббачагони шаҳри Кӯлоб беш аз як ҳафта сипарӣ шуд ва наврасон баъди чанд рӯзи дигар ба хона баргашта, барои ба мактаб рафтан омодагӣ мегиранд”.
Ба иттилои сардори Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб, “бо дастгирии иттифоқи касабаи вилояти Хатон ва шаҳри Кӯлоб моҳи июл басти аввали лагер дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» ташкил карда шуд. Дар басти аввал мактаббачагони шаҳри Кӯлоб ба истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд. Баъди анҷоми басти аввал моҳи август басти дуюм оғоз гардид. Инак мактаббачагон дар мавзеи хушманзараи ноҳияи Муъминобод истироҳат карда истодаанд. Масъулони лагер реҷаи рӯз тартиб додаанд, ки аз рӯи он истироҳаткунандагон ба бозиҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангӣ- маърифатӣ ва сайру гашт фаро гирифта мешаванд”.
Мактаббачагон дар ин лагер худро хеле озод ҳис мекунанд ва мехоҳанд соли оянда низ дар таътили тобистона ба инҷо ба истироҳат оянд. Имсол дар таътили тобистона шуъбаи маориф тавонист дар ду баст лагер ташкил намояд.
Масъулин тасмим гирифтаанд, ки соли оянда дар се баст беш аз 400 нафар мактаббачагонро дар ин лагер ба фароғат фаро гиранд. Баъд аз чанд рӯз соли нави хониш оғоз меёбад ва мактаббачагон баъди истироҳат бо рӯҳи болида вориди муассисаҳои таълимӣ мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд






