ИДИ БУЗУРГИ ТИРАМОҲ. Оғози Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатарро ба моҳи ноябр гузарониданд

Август 12, 2022 12:06

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) санаи оғози Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Қатарро як рӯз ба таъхир гузошт. Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора дар сомонаи ФИФА хабар дода шудааст.

Бозии дастаҳои мунтахаби Қатар ва Эквадор ба рӯзи алоҳида – 20 ноябр гузаронида шуд. Қаблан бозӣ бояд дар ҳамон рӯз- 21 ноябр доир мешуд, ки вохӯриҳои Сенегал – Ҳолланд, Англия – Эрон, ИМА – Уэлс баргузор мешуданд.

Шурӯъ аз Чемпионати ҷаҳон- 2006 дар Олмон тамоми бозиҳои ифтитоҳӣ бо ширкати кишвари мизбони мусобиқот баргузор мешуданд. Аммо тақвими мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон дар Қатар тавре тарҳрезӣ шудааст, ки мизбонон он рӯз танҳо дар бозии сеюми ҳисобӣ бозӣ менамоянд. Тавре дар ФИФА тавзеҳ доданд, тасмим дар бораи ба таъхир андохтани бозӣ «идомаи анъанаи тӯлониро таъмин мекунад». Федератсия таъкид кард, ки ҳамаи чиптаҳои харидашуда эътибор доранд.

Қисмати ниҳоии Чемпионати ҷаҳон- 2022 аз 21 ноябр то 18 декабр баргузор мешавад. Бозии ниҳоӣ 18 декабр дар варзишгоҳи «Лусаил» дар шаҳри ҳамноми он баргузор шуда, соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Бозӣ барои ҷойи сеюм як рӯз пеш дар Варзишгоҳи байналмилалии «Халифа» дар Ал-Райён соати 20:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Чемпиони ҳозираи ҷаҳон дастаи мунтахаби Фаронса мебошад. Бар асоси қарори ФИФА, бошгоҳҳо ва дастаҳои Русия наметавонанд дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат кунанд. Ҳамин тариқ, дастаи Русия аз имкони роҳ ёфтан ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол- 2022, ки дар Қатар баргузор мешавад, маҳрум гардид.

АКС: Kai Pfaffenbach / Reuters

Август 12, 2022 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад