Имрӯз дар Душанбе бозиҳои даври сеюми Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои даври сеюми Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Эрон бо Афғонистон ва дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо Қирғизистон баргузор мегарданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Аз ин пеш дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии якум дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо роҳбарии Аҳлиддин Турдиев бар дастаи мунтахаби ҷавонони Афғонистон бо ҳисоби 4:1 пирӯзии калон ба даст овард.
Дар вохӯрии дигари даври дуюми Чемпионати CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби ҷавонони Қирғизистон ва Узбекистон натавонистанд ба дарвозаи ҳамдигар гол бизананд ва ин бозӣ бо ҳиоби мусовии 0:0 анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври сеюми Чемпионати CAFA-2022 имрӯз, 8 август доир мешаванд. Соати 18:00 дастаҳои мунтахаби ҷавонони Эрон ва Афғонистон, соати 21:00 дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам вомехӯранд. Даромад ба Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ройгон аст. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳаводорони футболро ба тамошо даъват мекунад.
Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола
Даври 2
Афғонистон – ТОҶИКИСТОН – 1:4
Голҳо: Азизбек Ҳаитов, 14 (0:1). Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 21 (1:1). Содиқҷон Қурбонов, 71 (1:2). Фатҳулло Олимзода, 75 (1:3). Салам Ашӯрмамадов, 90 – аз пеналти (1:4)
Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Содиқҷон Қурбонов, Шаҳриёри Иноятулло, Меҳрубони Абдурауф, Фахриддин Ахтамов, Азизбек Ҳаитов (Салоҳиддин Иргашев, 86), Кабир Салимшоев (Иброҳим Зокиров, 61), Абдулло Шарипов (Меҳроб Асоев, 61), Салам Ашурмамадов, Бежан Нишонбойзода (Фатҳулло Олимзода, 61), Сунатулло Азизов (Далер Шарипов, 61).
Беҳтарин бозингари бозӣ: Содиқҷон Қурбонов (Тоҷикистон).
6 август, Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2700 тамошобин.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






