Имрӯз дар Душанбе бозиҳои даври сеюми Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола доир мешаванд

Август 8, 2022 13:38

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе бозиҳои даври сеюми Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Эрон бо Афғонистон ва дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон бо Қирғизистон баргузор мегарданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз ин пеш дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол  дар бозии якум дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо роҳбарии Аҳлиддин Турдиев бар дастаи мунтахаби ҷавонони Афғонистон бо ҳисоби 4:1 пирӯзии калон ба даст овард.

Дар вохӯрии дигари даври дуюми Чемпионати CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби  ҷавонони Қирғизистон ва Узбекистон натавонистанд ба дарвозаи ҳамдигар гол бизананд  ва ин бозӣ бо ҳиоби мусовии  0:0 анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои даври сеюми Чемпионати CAFA-2022  имрӯз, 8 август доир мешаванд. Соати 18:00 дастаҳои мунтахаби ҷавонони  Эрон ва Афғонистон, соати 21:00 дастаҳои  мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам вомехӯранд. Даромад ба Варзишгоҳи марказии шаҳри  Душанбе ройгон аст. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳаводорони футболро ба тамошо даъват мекунад.

 

Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола

Даври 2

Афғонистон – ТОҶИКИСТОН –  1:4

Голҳо: Азизбек Ҳаитов, 14 (0:1). Аҳмад Закариё Ҳусайнӣ, 21 (1:1). Содиқҷон Қурбонов, 71 (1:2). Фатҳулло Олимзода, 75 (1:3). Салам Ашӯрмамадов, 90 – аз пеналти (1:4)

Тоҷикистон: Сафармад Ғаффоров, Содиқҷон Қурбонов, Шаҳриёри Иноятулло, Меҳрубони Абдурауф, Фахриддин Ахтамов, Азизбек Ҳаитов (Салоҳиддин Иргашев, 86), Кабир Салимшоев (Иброҳим Зокиров, 61), Абдулло Шарипов (Меҳроб Асоев, 61), Салам Ашурмамадов, Бежан Нишонбойзода (Фатҳулло Олимзода, 61), Сунатулло Азизов (Далер Шарипов, 61).

Беҳтарин бозингари бозӣ: Содиқҷон Қурбонов (Тоҷикистон).

6 август, Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2700 тамошобин.

Акс: ФФТ

Август 8, 2022 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати мудофиа дастаҳои занонаи футбол ва мардонаи футзал таъсис дода мешаванд
Дар Душанбе марҳилаи сеюми даврҳои мураббигӣ оид ба барномаи иҷозатномаи «PRO» идома дорад
Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид