ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон парадигма ё қолаби таълимдиҳиро тағйир медиҳад
ДУШАНБЕ, 18.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 августи соли 1995 инҷониб бо шарофати зодрӯзи фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон дар ин сана Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад. Табибӣ яке аз касбҳои пурифтихортарин, волотарин ва бошарафтарин шуморида мешавад. Тавре файласуф Гиппократ гуфтааст: «Табибе, ки ба сари болини бемор барои дармонбахшӣ меояд, мисли диловарест, ки ба майдони корзор ворид мешавад».
Тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даҳсолаи охир бомаром рушд кардааст ва имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар робита ба иди касбии ворисони Сино — табибони тоҷик хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза ДАВЛАТЗОДА бо Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: — Беҳбуди сифати хизматрасонии тиббӣ аз бисёр ҷиҳат ба сатҳу сифати омода кардани кадрҳо вобаста мебошад. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) яке аз марказҳои калонтарини таълимӣ дар самти омода кардани мутахассисони соҳаи тиб аст. Вобаста ба фаъолияти имрӯзаи донишгоҳ маълумот медодед.
Маҳмадшоҳ Гулзода: — Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани вазъи солимии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Ин даргоҳи муқаддас бо кадрҳои маъруф, анъанаҳои арзишманд, мактабҳои соҳавӣ, дастовардҳои илмиву эҷодии худ мояи ифтихори миллати тоҷик гардидааст.
Фаъолияти ДДТТ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии донишгоҳӣ, иҷрои барномаву нақшаҳои давлатӣ, нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025», ки аз Паёмҳою супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, ба роҳ монда шудааст.
Роҳбарияти донишгоҳ ҷаҳонишавии таҳсилот, ҷараёни рушди илм ва талаботи имрӯза ба раванди таҳсилро ба назар гирифта, ба мукаммал намудани барномаҳои таълимӣ тибқи стандарҳои муосири давлативу байналмилалӣ, ҷорӣ намудани технологияи нави омӯзиш ва баҳогузории сифати таҳсилот, инкишофи шахсиву касбии ҳар корманд, рушди корҳои илмиву инноватсионӣ ва татбиқи мукаммалкунии пояи моддӣ-техникии донишгоҳ, роҳандозӣ намудани усулҳои банақшагирии стратегӣ ва идоракунии системавӣ аҳамияти бештар дода, самтҳои афзалиятнокро барои фаъолият муайян намуд.
Бо назардошти ин, «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025» таҳия гардида, дар самтҳои афзалиятнок кор бурда мешавад.
Вазифаи аввалиндараҷаи донишгоҳ- пурзӯр намудани пойгоҳи моддиву техникӣ ва технологӣ, интегратсияи фаъолияти таълимӣ, илмӣ-инноватсионӣ, кори табобатӣ ва нуфузу эътирофи байналмилалӣ пайдо намудани донишгоҳ ва кормандони он аст.
Инчунин вазифаҳои дар назди роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ гузошташуда аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» манша мегирад.
Пешвои миллат зикр намуданд, ки «муассисаҳои олии касбиро зарур аст, ки бо мақсади ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилоти касбӣ, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникӣ, таҳияи барномаҳои давлатӣ тибқи талаботи бозори меҳнат, ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва гузариш ба низоми муосири таъмини сифати таҳсилот замина муҳайё созанд».
Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид намуданд, ки «аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад».
Роҳбарияти ДДТТ баҳри таъмини таҳсилоти босифат ҷиҳати ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии таълим дар ҷараёни таҳсил аҳамияти бештар зоҳир менамояд.
Сифати таҳсил ва омодасозии мутахассисон аз маҳорати дарсдиҳии омӯзгор ва истифодаи усулҳои мукаммалу муосири самараноки таълимдиҳӣ вобаста аст.
Маҳсулоти илми муосир имконияти соҳаи маорифро низ хеле васеъ намуда, мушкилоти зиёди соҳа ҳалли худро ёфтаанд. Аз ҷумла, яке аз мушкилиҳо- дастрасӣ ба иттилоот пурра аз байн рафта, таъмин будан бо адабиёти таълимӣ ва маводи омӯзишӣ дар шакли электронӣ имконпазир гардидааст.
Вақти он расидааст, ки дар ДДТТ парадигма ё модели таълимдиҳӣ тағйир дода шавад. Вобаста ба ин дар донишгоҳ корҳои зиёди судманд анҷом дода шуда, дар назди омӯзгор вазифаҳои нав гузошта шудаанд, яъне таҳсили муосири дорои эътирофи ҷаҳонӣ водор месозад, ки ба донишҷӯ тарзи омӯхтан омӯзонида шавад. Дар назди омӯзгори муосир вазифа гузошта мешавад, ки донишҷӯро бештар ба худомӯзӣ, худташаккулдиҳӣ ва рушди фикрронии таҳлилӣ омода созад.
Дар баробари ин, зарур аст, ки дар макотиби олӣ бо назардошти талаботи ҷомеаи муосир ва имконияти нави ҷойдошта технология ва усулҳои натиҷабахши таълимдиҳӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Дар Донишгоҳи тиббӣ лоиҳаҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ- «Беҳсозии сифати таҳсилот дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино», «Рушди инноватсионии таҳсилоти фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муқаррар намудани мақсадҳо ва воситаҳои баҳодиҳӣ барои таҳсилоти тиббӣ» бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ аз кишварҳои Аврупо ва Ҷумҳурии Қазоқистон амалӣ шуда истодаанд. Дар доираи ин лоиҳаҳо дар донишгоҳ технологияи инноватсионии таълимдиҳӣ ва мукаммалсозии баҳодиҳӣ ба сифати таҳсил татбиқ шуда истодааст.
Афзалияти усули таълимдиҳии инноватсионӣ аз усули анъанавӣ дар он аст, ки бештар ба ташаккули фикрронии мустақилонаю аналитикии клиникии донишҷӯён равона шудааст.
Дар баргузории дарсҳои амалӣ омӯзгор нақши тютор, яъне роҳнамо/мураббиро иҷро намуда, донишҷӯён бо истифодаи технологияи муосири таълимӣ- кейсҳои клиникӣ ба ҳалли мустақилонаи масъалаҳои клиникии тиббӣ машғул мешаванд. Ин яке аз усулҳои муосири таълимдиҳии эътирофгардидаест, ки дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ васеъ ҷорӣ аст.
Дар донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва низоми кредитии таълим ба роҳ монда шудааст.
Дар ДДТТ гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ стандарт ва барномаҳои таълимӣ аз рӯи 5 ихтисосе, ки дар донишгоҳ ҷой доранд, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд. Бо назардошти принсипҳои асосии стандарти таҳсилоти умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ барномаи таълимӣ аз рӯи ихтисосҳо мукаммал гардида, пойгоҳи ягонаи электронии маводи таълимӣ таъсис ёфта, маводи таълимӣ тибқи барномаҳои таълимии фаннӣ ба он ворид карда шудааст.
Дар Донишгоҳ LMS (системаи электронии идоракунии таълим) ва шабакаи интернетии дохили донишгоҳ фаъолият мекунанд. Ҳар як донишҷӯ кабинети инфиродии худро дошта, ба он ворид шуда, ҳамаи маводи таълимӣ, маълумоти зарурӣ ва натиҷаи рейтингҳою имтиҳонҳои худро аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ тариқи электронӣ дастрас мекунад. Волидайни донишҷӯён низ метавонанд ба кабинети инфиродии фарзандонашон шомил шуда, ҳамарӯза аз натиҷаи таҳсили фарзандонашон хабардор шаванд.
Дар баргузории имтиҳонҳо ва натиҷагирии онҳо шаффофият пурра таъмин мебошад. Қабули имтиҳонҳо ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён мутамарказонида шуда, тариқи амалӣ (ОСКЭ), тестӣ, хаттӣ дар Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ ва Маркази ягонаи тестии донишгоҳ тариқи барномаҳои компютерӣ ба роҳ монда шудааст, ки шаффофият ва аз байн бурдани таъсири омилҳои инсониро ба баҳодиҳии натиҷаи таҳсил таъмин менамояд. Баҳогузорӣ феълан дар назди донишҷӯ мустақиман бе дахолати ғайр сурат гирифта, барои беҳтар гардидани сифати таҳсил ва ҷалбу таваҷҷуҳи донишҷӯён ба китобхонию илмомӯзӣ нақши калидӣ мебозад. Дар натиҷа беҳтар шудани сифати таълим ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тибби ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ ба назар мерасад.
АМИТ «Ховар»: — Барномаҳо ва страндартҳои давлатии таҳсилоти донишгоҳ ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот то кадом андоза мутобиқ гардонида шудаанд?
Маҳмадшоҳ Гулзода: — Дар донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи Стандартҳои байналмилалии таҳсилот бо истифодаи васеи технологияи муосири таълимӣ, иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва низоми кредитии таълим ба роҳ монда шудааст.
Роҳбарияти донишгоҳ пайваста баҳри баланд бардоштани сифати таълимдиҳӣ ва мутобиқкунонии он ба стандартҳои байналмилалии таҳсил аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Пайваста барои муосиргардонии таҳсилот дар донишгоҳ тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Инчунин бо назардошти талаботи аҳолӣ ва нигаҳдории тандурустии кишвар барномаҳои таълимӣ пайваста мукаммал карда шуда, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда мешаванд.
Дар натиҷа соли 2019 ДДТТ ва 3 барномаи таълимии он аз ихтисосҳои «Кори табобатӣ», «Стоматология», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа» дар ҷумҳурӣ бори аввал яке аз аввалинҳо шуда, аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, аз ҷониби Ташкилоти мустақили аккредитатсионӣ ва рейтингӣ — НААР, ки шомили Ассотсиатсияи аврупоии кафолати сифат мебошад, соҳиби сертификати мутобиқат шуданд. Соли 2022 аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани боқимонда се барномаи таълимии ихтисосҳои «Педиатрия», «Фарматсия» ва ихтисоси «Кори табобатӣ» барои донишҷӯёни хориҷӣ ба нақша гирифта шуда буд. Хушбахтона, моҳи марти соли 2022 онҳо аз ҷониби экспертони Агентии мустақили аккредитатсионӣ ва рейтингӣ – НААР аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, 25 апрели соли 2022 аз ҷониби директори Агентии мустақили аккредитатсионӣ ва рейтингӣ – НААР ба барномаҳои таълимии зикргардида сертификати мутобиқат дода шуд.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва барномаҳои таълимии ихтисосҳои донишгоҳ пурра (100%) аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, ба талаботи стандартҳои Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ мутобиқ карда шудаанд ва дорои сертификати мутобиқат мебошанд.
Барои мукаммал намудани барномаҳои таълимӣ ва истифодаи принсипҳои нав дар таҳияи онҳо донишгоҳ дар лоиҳаи байналмилалии барномаи Эрасмус+ бо 11 донишгоҳи тиббии хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд.
АМИТ «Ховар»: — Ҳукумати мамлакат ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фаъолияти навоварӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Мегуфтед, ки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ДДТТ дар кадом сатҳ ба роҳ монда шудаанд?
Маҳмадшоҳ Гулзода: — Фаъолияти илмиву навоварӣ яке аз меъёрҳои асосии муайян намудани дараҷаи рушду инкишофи муассисаҳои дорои фаъолияти илмӣ, инноватсионӣ, ихтирооту навоварӣ буда, омода намудани кадрҳои илмӣ самти афзалиятноки ДДТТ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои худ зикр намуда буданд, ки «…агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрӯз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷӯянда шароит фароҳам оварем. Инчунин барои ихтироъкорону эҷодкорони асил ҳамаи заминаҳоро муҳайё созем, то онҳо тавонанд ба корҳои сермаҳсули илмию эҷодӣ ва навоварӣ машғул бошанд».
Ҷиҳати татбиқи дастури мазкур дар ДДТТ масъалаҳои ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмиву эҷодӣ, ҳавасмандгардонии навоварону ихтироъкорон, дастгирии иҷтимоии аспирантону унвонҷӯён мавқеи асосӣ дошта, баҳри роҳандозӣ намудани корҳои илмӣ-тадқиқотии ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳайати омӯзгорону профессорон ва муҳассилини ДДТТ комилан ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаро гирифта шуда, фаъолияти илмии худро дар доираи мақолаҳои илмӣ, дастуру китобҳои илмӣ-амалӣ, лоиҳаҳои илмӣ ва ҳамоишу анҷуманҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ амалӣ менамоянд.
Дар пойгоҳи Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ шароити муосири тадқиқотӣ фароҳам оварда шудааст. Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳ аз 9 озмоишгоҳи соҳавии бо технологияи муосир муҷаҳҳаз иборат аст. Озмоишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии донишгоҳ дар кишвар беҳамто буда, дар он тамоми шароит барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва эксприменталӣ дар ҳайвоноти озмоишӣ мавҷуд аст. Донишҷӯён, ординаторони клиникӣ, аспирантон, докторантон, омӯзгорон корҳои лабораторӣ ва илмӣ-тадқиқотии худро дар 26 озмоишгоҳи кафедраҳои донишгоҳ мегузаронанд.
Олимони донишгоҳ вобаста ба самтҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятдоштаи илми тиб корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд. Имсол аз ҷониби онҳо оид ба амалисозии 5 лоиҳаи илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва 27 мавзӯи илмии ташаббусии кафедраҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шуданд.
АМИТ «Ховар»: — Рушди бахши фармасевтӣ яке аз дигар бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ мебошад. Донишгоҳ барои омода кардани мутахассисони соҳаи фармасевтӣ чӣ тадбирҳо меандешад?
Маҳмадшоҳ Гулзода: — Роҳбарияти ДДТТ барои рушд додани фаъолияти таълимиву истеҳсолии фармасевтӣ реформаи системаи таҳсилоти фармасевтӣ гузаронида, баҳри ба роҳ мондани истеҳсоли маводи доруворӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, дастгоҳҳои муосири истеҳсолии фармасевтӣ дастрас гардидаанд.
Маркази фармасевтии донишгоҳ аз таъмири асосӣ бароварда, навсозӣ карда шудаст. Дар Маркази фармасевтии донишгоҳ 3 кафедраи факултети фармасевтӣ – кафедраи технологияи фармасевтӣ, фармакогнозия ва ташкили иқтисоди фармасевтӣ, кимиёи фармасевтӣ ва заҳршиносӣ, инчунин Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» ҷойгир шудаанд.
Истеҳсоли маводи доруворӣ аз ашёи рустанигии ватанӣ дар шаклҳои гуногун (ҳаб, марҳам, маҷмӯи растаниҳо, шамъча, қиём, ғилофак, маҳлул ва ғайра), коркарди маводи нави доруворӣ, бастани шартнома бо муассисаҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи фарматсияи ватанӣ ва хориҷӣ оид ба воридот ва содироти маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ фаъолияти истеҳсолии Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» -ро ташкил медиҳанд.
АМИТ «Ховар»: — Барои омода кардани ворисони Сино, ки наҷотдиҳандаи миллат ном бурда мешаванд, донишгоҳ аз рӯи кадом нақша амал намуда, давраҳои омӯзиширо чӣ гуна ба роҳ мемонад? Шумо мутмаин ҳастед, ки хатмкунандагони ин даргоҳ дар оянда рисолати худро дар назди ватану миллат иҷро карда метавонанд?
Маҳмадшоҳ Гулзода: — Дар донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи Стандартҳои байналмилалии таҳсилот бо истифодаи васеи технологияи муосири таълимӣ, иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва низоми кредитии таълим ба роҳ монда шудааст.
Донишгоҳ дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ аз рӯйи 5 ихтисос: «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд.
Ҳамчунин дар донишгоҳ аз рӯи 40 тахассус тайёр кардани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаи таҳсилоти баъдидипломӣ — таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос-PhD, докторантура ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии донишгоҳ такмили тахассус, бозомӯзии касбӣ ва ихтисосгирии аввалия аз рӯи риштаҳои мухталифи тиб ба роҳ монда шудааст.
Дар тӯли 82 соли фаъолият Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бештар аз 46 000 нафар табибону фармасевтони баландихтисос тайёр кардааст, ки 65%-и онҳо ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд. Инчунин Донишгоҳи тиббӣ 1634 нафар кадрҳои илмиро барои соҳаи тиб омода кардааст, ки аз онҳо 228 нафар докторони илм ва 1406 нафар номзадҳои илм мебошанд.
Хатмкардагони донишгоҳ на фақат дар ҷумҳурӣ ба халқу ватанамон хизмати содиқона карда истодаанд, инчунин дар зиёда аз 50 мамлакати дунё фаъолият дошта, обрӯю нуфузи ватану миллати тоҷикро баланд мебардоранд. Ҳатмкардагони донишгоҳ ҳамчуни ворисони ҳақиқии Синои оқил рисолати касбии худро дар ҳама давру замон сарбаландона иҷро намуда ва иҷро хоҳанд кард.
Пандемияи Ковид-19, ки 2 сол муқаддам ҷаҳонро фаро гирифт, бори дигар собит сохт, ки хатмкардагони мо то чӣ андоза ба касбу кори худ сазовору сарсупурдаанд. Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки наслҳои оянда низ рисолати сазовор будан ба номи пуршарафи табибиро идома медиҳанд.
Раёсати Донишгоҳи тиббӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазири бозори ҷаҳонӣ, солимгардонии миллат ва рушду нумуи Тоҷикистони азиз минбаъд низ аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода мебарад, то сатҳи тибби тоҷик ба сатҳи тибби ҷаҳонӣ баробар гардад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ ва манбаъҳои боз