«ИТТИҲОД-2022». Имрӯз маросими пӯшидашавии машқҳои муштарак миёни Узбекистон ва Тоҷикистон доир мегардад

Август 10, 2022 12:27

ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар маросими пӯшидашавии  машқҳои муштараки Узбекистон ва Тоҷикистон «Иттиҳод-2022», ки дар  Тирмиз аз 3 август оғоз ёфта буданд, иштирок менамояд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сухангӯи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод.

Сафари Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар Ҷумҳурии Узбекистон аз 9 то 10 август идома меёбад.

Ба иттилои сомонаи «Овози Самарқанд», дар қисми низомии гарнизони Тирмиз афсарони тоҷику узбек машқҳои муштаракро амалӣ намуданд. Ҷанговарони тоҷику узбек дар машқҳои амалӣ, аз қабили ҷанг дар масофаи наздик, эвакуатсия кардани ярадорон, зада гардонидани ҳуҷуми душмани тахминӣ иштирок карданд.

Ҳамчунин ба иттилои «Овози Самарқанд», мулоқоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон генерал-лейтенант Баҳодир Қурбонов  сурат гирифт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди омӯзиши кадрҳои низомии тоҷик дар донишгоҳҳои Узбекистон қарордод ба имзо расониданд.

Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки имрӯз масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар на танҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, балки дар заминаи дифоъ ва амният низ ба сатҳи баланд баромадаанд.

Дар доираи сафар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази миллии назорати дифои Узбекистон дидан намуд.

                                                      Шаҳлои САДРИДДИН,
                                                            АМИТ «Ховар»

                                                             АКС:  ovozi.uz/АМИТ «Ховар»

Август 10, 2022 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид