«ИТТИҲОД-2022». Имрӯз маросими пӯшидашавии машқҳои муштарак миёни Узбекистон ва Тоҷикистон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар маросими пӯшидашавии машқҳои муштараки Узбекистон ва Тоҷикистон «Иттиҳод-2022», ки дар Тирмиз аз 3 август оғоз ёфта буданд, иштирок менамояд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сухангӯи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
Сафари Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дар Ҷумҳурии Узбекистон аз 9 то 10 август идома меёбад.
Ба иттилои сомонаи «Овози Самарқанд», дар қисми низомии гарнизони Тирмиз афсарони тоҷику узбек машқҳои муштаракро амалӣ намуданд. Ҷанговарони тоҷику узбек дар машқҳои амалӣ, аз қабили ҷанг дар масофаи наздик, эвакуатсия кардани ярадорон, зада гардонидани ҳуҷуми душмани тахминӣ иштирок карданд.
Ҳамчунин ба иттилои «Овози Самарқанд», мулоқоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон генерал-лейтенант Баҳодир Қурбонов сурат гирифт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар мавриди омӯзиши кадрҳои низомии тоҷик дар донишгоҳҳои Узбекистон қарордод ба имзо расониданд.
Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки имрӯз масъалаҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар на танҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, балки дар заминаи дифоъ ва амният низ ба сатҳи баланд баромадаанд.
Дар доираи сафар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Маркази миллии назорати дифои Узбекистон дидан намуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: ovozi.uz/АМИТ «Ховар»








Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






