ИТТИЛОИЯ. Ба саҳифаҳои қалбакии аз номи Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кушодашуда бовар накунед!

Август 1, 2022 15:46

ДУШАНБЕ, 01.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват  намудаанд, ки ба саҳифаҳои қалбакии аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кушодашуда бовар накунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Ба иттилои шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ расонида мешавад, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук, Инстаграм, Ватсап, Вайбер, Телеграм, Твиттер ва ғайра бо номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳифаҳои иҷтимоии қалбакӣ боз гардида, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус мардуми шарифи Тоҷикистон ва берун аз онро ба гумроҳӣ мебаранд», — омадааст дар иттилоияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Аз ҳамаи шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба ин саҳифаҳои қалбакии кушодашуда, ба истилоҳ «фейкҳо» бовар накунанд.

Барои ҳалли мушкилоту ниёзмандиҳо муроҷиат ва дархосту андешаҳои худро метавонед ба почтаҳои электронии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон majmilli@rs.tj, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com, сомона ва саҳифаҳои расмии www.dushanbe.tj, дар фейсбук: @DUSHANBECAPITAL,  дар Инстаграм:  dushanbe_official, ба вайбери мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 985-95-22-22 нависед.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2022 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд