Кишварҳои СҲШ аз таҳияи феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ ҷонибдорӣ карданд

Август 19, 2022 12:30

ДУШАНБЕ, 19.08.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба кишварҳои СҲШ тавсия дода мешавад, ки феҳристи ягонаи созмонҳои террористиро таъсис диҳанд. Дар ин бора муовини директори Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Артур Голованов дар ҷаласаи XVII раисони судҳои олии созмон дар Душанбе сухан гуфт, менависад агентии иттилоотии «Sputnik»-и Русия.

«Сухан дар бораи ба мақсад мувофиқ будани феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ барои кишварҳои узви СҲШ меравад», — гуфт Голованов.

Ӯ ба унвони мисол аз фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ)* ёдовар шуд, ки дар ниҳоят сабаби ҳамла ба як анбори аслиҳа дар Душанбе ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар соли 2015 гардид.

Он замон дар натиҷаи ин ҳодисаҳо одамон ҳалок гардиданд ва ҳизб террористӣ эътироф карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи XVII раисони судҳои олии кишварҳои узви СҲШ 17-18 август дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ҷаласа раисони судҳои олии Русия, Тоҷикистон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа раиси Суди олии Федератсияи Русия Вячеслав Лебедев ба масъалаи мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ кард.

Бино ба гуфтаи ӯ, муколамаи намояндагони кишварҳои узви СҲШ дар низоми судӣ баланд ва бештар аз ҳарвақта мавриди таваҷҷуҳ аст.

 

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»

Голованов Артур Қодирович, 3 феврали соли 1978 таваллуд шуда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маълумоташ олӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ)-ро бо ихтисоси ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм кардааст.

Дар мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз январи соли 1999 мебошад. Аз соли 2015 дар Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ кор мекунад.

Аз моҳи марти соли 2022 вазифаи муовини Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШро бар уҳда дошта, сарпарасти Раёсати фаъолияти маъмурӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Ӯ дорои унвони ҳарбии полковник, доктори илмҳои ҳуқуқ буда, забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисиро хуб медонад. Оиладор, соҳиби се фарзанд мебошад.

_____________

* ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф шудааст.

АКСИ иллюстратсионӣ аз newsru.cgtn.com

Август 19, 2022 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд