Масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва САҲА баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 август муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Теа Ҷалиашвилиро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва САҲА-ро дар чаҳорчӯби се ченаки ҳамкорӣ – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 1992 Санади хотимавии Хелсинкиро имзо намуд. Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз соли 1994 оғоз ёфт.
Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Қарор оид ба таъсиси Миссияи САҲА дар Тоҷикистон ҳанӯз 1 декабри соли 1993 зимни вохӯрии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Рим қабул гардида буд.
Тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА аз 19 июни соли 2008, Маркази САҲА ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тағйири ном кард.
Оғоз аз соли 2000 нозирони САҲА ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.
1 июни соли 2017 Шӯрои доимии САҲА бо қарор таҳти №1251 бо иттифоқи оро аз ҷониби кишварҳои иштирокчии Созмон мандати нави Дафтарро қабул намуд. Тибқи он Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе табдил ёфт.
Дар чаҳорчӯби сиғаи нави ҳамкорӣ- Платформаи шарикӣ миёни САҲА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 апрели соли 2018 нахустин вохӯрии он ҷиҳати таҳияи равишҳои консептуалӣ дар рушди барномаҳои мавҷуда бо нуқтаи назар барои соли 2019 ва пас аз он баргузор гардид.
Аз моҳи май то моҳи августи соли 2019 Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории САҲА раисӣ намуд. 8 майи соли 2019 дар Вена Тоҷикистон барномаи раисии худро дар ин Форум пешниҳод намуд.
Айни ҳол ҳамкорӣ бо САҲА бо назардошти дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва афзалияти кишвар дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ, бахусус дар самти ислоҳоти милитсия, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар оила, масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сарҳадӣ, поксозии башардӯстонаи минаҳо ва иқтисодию экологӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.
Акс: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд
Дар Берлин имконоти ҳамкории иқтисодии Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Дар Берлин нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» доир гардид
Олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Кувайт соҳиби 10 медал шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин ва Йоҳанн Вадефул ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Олмонро баррасӣ намуданд
Дар Берлин ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Муассисаи давлатии таҳсилот ва омӯзиши амалии Давлати Кувайт гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон мулоқот намуд






