НЭНСИ ПЕЛОСӢ БА ТАЙВАН ОМАД. Сафири ИМА ба Вазорати корҳои хориҷии Чин даъват шуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шаби гузашта ҳавопаймои ҳукумати ИМА, ки ҳомили раиси Палатаи намояндагони Конгресси Амрико Нэнси Пелосӣ буд, ба Тайван омад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» иттилоъ медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизиони CTITV дар пахши мустақим гузориш дод.
Бино ба иттилои воситаҳои ахбори оммаи Тайван, Нэнси Пелосӣ дар раъси як ҳайати шашнафараи намояндагони Ҳизби демократи Амрико вориди Тайбэй шуд.
Роҳбари маъмурияти Тайван Тсай Инвэн субҳи имрӯз, 3 август бо Нэнси Пелосӣ мулоқот мекунад. Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҳамкории Амрикову Тайван ва ҳамчунин масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ хоҳанд гардид.
Дар робита ба сафари Нэнси Пелосӣ ба Тайван сафири Амрико дар Пекин Николас Бернс ба вазорати корҳои хориҷии Чин даъват шудааст.
«Муовини вазири корҳои хориҷии Чин Се Фэн муваззаф шудааст, ки сафири ИМА дар Чин Бёрнсро фавран ба вазорати корҳои хориҷӣ даъват кунад ва аз номи ҳукумати Чин дар робита ба сафари раиси палатаи ИМА Пелосӣ ба Тайван изҳори эътироз намояд», — омадааст дар иттилоияи вазорати корҳои хориҷии Чин.
Қаблан иттилоъ расида буд, ки сафари Пелосӣ ба Тайван метавонад боиси ба хашм омадани Чин гардад ва таниш бо ИМА-ро афзоиш диҳад.
Намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунйин зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки Пекин дар сурати сафари эҳтимолии раиси Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Нэнси Пелосӣ ба Тайван барои ҳифзи соҳибихтиёрии давлатӣ ва тамомияти арзии Чин аз чораҳои қатъӣ истифода мебарад.
Сафири Чин дар ИМА Тсин Ган изҳор дошт, ки вокуниши Пекин ба сафари раиси Палатаи намояндагон Нэнси Пелосӣ ба Тайван қатъӣ хоҳад буд, зеро ин ба сохибихтиёрии Чин дахл дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Чин дар масъалаи дифои тамомияти арзӣ ва ҳифзи истиқлолияти кишвар ҳама гуна тадбирҳоро меандешад. «Вокуниши мо хеле устувор, қавӣ ва қатъӣ хоҳад буд», — гуфт дипломат.
Ӯ ҳамчунин тазаккур дод, ки Пелосӣ сиёсатмадори баландпояи ИМА аст, аз ин рӯ, амалҳои ӯ дорои хусусияти сиёсӣ буда, боиси афзоиши ташаннуҷ дар минтақа ва ҳамчунин дар равобити Пекин ва Вашингтон хоҳанд шуд.
Тсин Ганг ёдовар шуд, ки сафари қаблии раиси Конгресси ИМА ба Тайван 25 сол пеш сурат гирифта ва иштибоҳ буд. «Вашингтон аз хатоҳои худ бояд сабақ гирад», — гуфт дар фарҷом сафир.
Дар рӯзи парвози ҳавопаймо бо раиси Палатаи намояндагони Конгресси Амрико Чин дар гулӯгоҳи Тайван машқҳои ҳарбӣ оғоз кард. Дар робита ба ин киштиҳои ҳавопаймобари Амрико ба қитъаи баҳрии ҷазира равон шуда, 800 километр дуртар аз он бозистоданд.
Пас аз ин вазорати корҳои хориҷии Чин бори дигар ҳушдор дод, ки дар сурати анҷоми сафари Пелосӣ Пекин аз қувва истифода хоҳад кард. Ин амал ҳамчун дахолат ба сиёсати дохилии ҶМЧ дониста мешавад, зеро дар низоъ ИМА фаъолона ҷониби Тайванро дастгирӣ карда, онро мунтазам бо яроқ таъмин менамояд.
Боздиди Пелосӣ нахустин сафари раиси Палатаи намояндагони Конгресси ИМА аз соли 1997 ба инҷониб гардид. Маъмурияти ИМА, ки онро Раиси ҶМЧ Си Ҷинпин ҳушдор дода буд, ки «ба бозикунанда бо оташ хатари сӯхтан таҳдид мекунад», Пекинро ба пойбандии худ ба сиёсати «Чини ягона» итминон дод, аммо аз ин сафар дурӣ ҷуст ва гуфт, ки раиси Палата тасмимҳоро худаш қабул мекунад.
АКС: Twitter








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд






