ОФАРИН! Сомони хурдсол дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо, ки миёни наврасон дар шаҳри Тарази Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, дар вазни то 23 кг медали тилло ба даст овард. Дар ин бора Директори Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук» Раҷабалӣ Турсунзода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Сомон Турсунзода то роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоӣ варзишгарони Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистонро мағлуб карда, соҳиби медали тиллои мусобиқа гардид.
Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати доварони мусобиқа Сомон Турсунзода барои нишон додани маҳорати баланди техникӣ миёни иштирокчиён варзишгари беҳтарин дониста шуда, бо диплом қадрдонӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки шоми имрӯз, соати 20:30 Сомон Турсунзода аз Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо миёни наврасон дар Қазоқистон бо медали тилло ба Ватан бармегардад.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






