Охирин Котиби генералии КМ ҲКИШ ва собиқ Президенти ИҶШС Михаил Горбачёв даргузашт

Август 31, 2022 08:37

ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 30 август дар синни 92 охирин Котиби генералии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (КМ ИҶШС), аввалин ва охирин Президенти ИҶШС Михаил Горбачёв бар асари бемории вазнин даргузашт.

Тавре пизишкони Беморхонаи марказии клиникӣ гуфтанд, Михаил Горбачёв рӯзи сешанбе, 30 август дар Москва пас аз бемории вазнин ва тӯлонӣ даргузашт.

Бемории Михаил Горбачёв

Ӯ пеш аз маргаш барои муолиҷаи гемодиализ ба Беморхонаи марказии клиникӣ омад. Сиёсатмадорро бемории гурдаҳо азият медод, ки бо ин сабаб ӯ бо тавсияи табибон беш аз як солро дар муассисаи тиббӣ гузаронид.

Дар давраи пандемия Михаил Горбачёв дар Беморхонаи марказии клиникӣ таҳти назорати табибон қарор дошт. Ба гуфтаи манбаи наздик ба Михаил Горбачёв, коронавирус ба ӯ таъсир накард. Ӯ тахминҳоро дар мавриди он ки коронавирус сабаби марги сиёсатмадор шуда метавонад, рад кард. Ба гуфтаи манбаъ, Михаил Горбачёв на аз COVID-19, балки аз куҳансолӣ ва беморӣ даргузашт. Ӯ гоҳ-гоҳ бо риояи тамоми чораҳои эҳтиётӣ аз беморхона мебаромад.

Маросими дафни роҳбари Шӯравӣ

Ба иттилои манбаи наздик бо пайвандони роҳбари Шӯравӣ, Михаил Горбачёв дар қабри оилавӣ дар паҳлӯи ҳамсараш Раиса дар қабристони Новодевичйе дафн карда мешавад. Ӯро дар асоси васияташ ба хок месупоранд.

Вокунишҳо дар Русия

Президенти Русия Владимир Путин дар робита ба даргузашти Михаил Горбачёв изҳори ҳамдардии амиқ кард. Котиби матбуоти Кремл Дмитрий Песков гуфт, ки Владимир Путин имрӯз, 31 август ба пайвандону наздикони ӯ барқия ирсол мекунад.

Дар Думаи давлатӣ изҳор доштанд, ки ба амалҳои президенти собиқи ИҶШС наслҳои оянда баҳо хоҳанд дод. Узви Шӯрои олии Ҳизби либерал-демократии Русия ва вакили Думаи давлатӣ Сергей Киргинов таъкид кард, ки Михаил Горбачёв ба даврони худ мувофиқ буд. Ӯро дар Шӯрои Федератсия сиёсатмадори дурахшон меномиданд.

Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия Алексей Кудрин иброз дошт, ки аввалин ва охирин президенти СССР шахсияти бузурги таърихӣ буд.

Изҳори тасаллии роҳбарони Ғарб

Яке аз аввалин нафароне, ки ба даргузашти Михаил Горбачёв вокуниш кард, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш буд ва ӯро арбоби давлатие, ки ҷараёни таърихро тағйир додааст, номид. Антониу Гутерриш аз номи Созмон ба оилаи Михаил Горбачёв, ба мардум ва ҳукумати Русия изҳори ҳамдардии амиқ намуд.

Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен низ нақши Михаил Горбачёвро дар фурӯпошии «пардаи оҳанин» ва поёни ҷанги сард зикр кард. Ба андешаи сиёсатмадор, дар ин кор собиқ президенти ИҶШС нақши калидӣ дошт.

Ҳунарпешаи амрикоӣ Арнолд Швартсенеггер гуфт, ки Михаил Горбачёвро яке аз қаҳрамонони худ медонад. «Михаил Горбачёв яке аз қаҳрамонони ман буд ва вохӯрдан бо ӯ бароям шараф ва мояи хушнудӣ буд. Бениҳоят хушбахтам, ки ӯро дӯст меномидам. Ҳамаи мо метавонем аз ҳаёти афсонавии ӯ баҳра гирем», — гуфт ҳунарпеша.

Сарвазири Британия Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Британия Лиз Трасс, президенти Фаронса Эммануэл Макрон, собиқ сарвазири Италия Силвио Берлусконӣ, собиқ котибони давлатии ИМА Кондолиза Райс, Ҳенри Киссинҷер ва дигарон изҳори таслият кардаанд.

АКС: Persona Stars

Август 31, 2022 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд