Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар Ченнайи Ҳиндустон анҷом ёфт

Август 10, 2022 13:44

ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки 28 июл дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон оғоз гардида буд, 9 август ба анҷом расид. Дастаҳои мунтахаби мардона ва занонаи Тоҷикистон оид ба шоҳмот бо 12 ва 11-холӣ мутаносибан ҷойҳои 67 ва 78-умро  ишғол намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар олимпиада 800 варзишгар дар ҳайати 188 дастаи мардон ва 162 тими бонувон ширкат карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дастаи мардон дар ҳайати Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев, Алишер Каримов, Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов, Ҷалолиддини Илҳом ва дастаи бонувон дар ҳайати Надежда Антонова, Сабрина Абророва, Рухшона Саидова, Мутриба Ҳотамӣ, Лидия Антонова намояндагӣ карданд.

Олимпиада дар 11 давр баргузор шуда, миёни дастаҳои мардона дастаи Узбекистон ҷои аввал, Арманистон ҷои дуюм ва Ҳиндустон ҷои сеюмро гирифтанд.

Дастаи мунтахаби мардонаи кишвар дар 11 бозӣ бар дастаҳои Ҷазираҳои Вирҷинияи Британия (4:0), Қазоқистон (2,5:1,5), Суринам (4:0), Ҳаитӣ (4:0), Эстония (2,5:1,5) ғалаба карда, бо дастаҳои Сингапур (2:2), Ирланд (2:2) мусовӣ бозӣ карда, аз дастаҳои Словакия (1,5:3,5), Белгия (1,5:2,5), Андора (1,5:3,5) ва Чилӣ (1,5:2,5) мағлуб гардид. Дар натиҷа бо 12 хол ҷои 67-умро ишғол намуд.

Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон бар тимҳои Арабистони Саудӣ (4:0), Барбадос (4:0), Суринам (4:0), Тайпейи Чин (4:0) пирӯз шуда, бо Исландия (2:2), Нигерия (2:2), Боливия (2:2) мусовӣ бозӣ кард, вале аз тимҳои Ҳиндустон (0:4), Қирғизистон (0:4), Ирландия (0:4) ва Дания (1,5:2,5) мағлуб шуда, бо 11 хол ҷои 78-умро ишғол кард. Миёни бонувон Украина ғолиб, Гурҷистон дуюм, Ҳиндустон сеюм шуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Надежда Антонова аз 10 бозӣ 8 имтиёз ба даст оварда, меъёри “Устоди дараҷаи байналмилалии занона” (WIM)-ро соҳиб гардид. Ҷалолиддин Илҳомии 14-сола ва Меҳриддин Шарифови 17-сола аз 9 бозӣ 6 имтиёз ба даст оварда, соҳиби унвони “Устоди FIDE” (FM) гардиданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Август 10, 2022 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад