ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНИИ ШОҲМОТ. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бар дастаи Суринам пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 03.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар даври 5-уми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон бар дастаи Суринам бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дастаи мардонаи Тоҷикистон аз рӯи натиҷагирии 5 давр миёни 188 даста дар ҷои 52-юм қарор дорад.
Андора рақиби навбатии Тоҷикистон байни мардон мешавад. Дастаи мунтахаби занонаи кишвар аз Ирландия бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд ва миёни 162 даста дар ҷои 104-ум қарор дорад.
Дар даври оянда духтарони мо бо шоҳмотбозони Суринам қувваозмоӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки 28 июл дар шаҳри Ченнай (Ҳиндустон) Олимпиадаи 44-уми шоҳмот оғоз шуд. Олимпиада, ки дар он намояндагони 186 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд, то 10 август идома меёбад.
АКС: «ТВ Варзиш»








КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






