ОЛИМПИАДАИ ШОҲМОТ ДАР ҲИНДУСТОН. Дастаи мардонаи Узбекистон дар ҷадвали мусобиқа пешсаф шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 77-ум қарор дорад
ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 7 август, дар Олимпиадаи 44-уми шоҳмот дар Ченнайи Ҳиндустон даври 9-ум ба анҷом расид. Дастаи мардонаи Тоҷикистон пас аз шикаст дар даври 6-ум аз Андора се бозии дигар баргузор кард, ки дар дутоаш пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дод. Шоҳмотбозони тоҷик бар дастаи Гаити бо ҳисоби 4:0 ғолиб омада, баъд бо Сингапур мусовӣ- 2:2 карданд ва дар даври 9-ум бар Эстония бо ҳисоби 2,5:1,5 пирӯз шуданд. Имрӯз Тоҷикистон бо дастаи Чили бозӣ мекунад. Қариб ҳамаи аъзои дастаи Тоҷикистон нишондиҳандаҳои худро беҳтар кардаанд, вале бештари холҳоро Ҷалолиддин Илҳомӣ ба даст овардааст. Дар ҷадвали умумӣ мардон ба зинаи 51-ум баромаданд.
Дастаи занонаи Тоҷикистон субҳи 7 август бо дастаи Исландия бо ҳисоби 2:2 мусовӣ карда, баъдан бар дастаи Тайбэйи Чин бо ҳисоби 4:0 ғолибияти калон ба даст овард, вале дар даври 9-ум аз даниягиҳо бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрд. Миёни занон Надежда Антонова холи бештар ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа дастаи занонаи Тоҷикистон дар ҷои 77-ум қарор дорад.
Дар даври нуҳуми Олимпиадаи шоҳмот дастаи мардонаи Узбекистон бар тими Арманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, дар ҷадвали мусобиқаи олимпӣ ба мақоми 1-ум баромад.
То 7 август дастаҳои мунтахаби Арманистон ва Узбекистон бидуни мағлубият дар Олимпиада иштирок доштанд. Тибқи натиҷаҳои 8 август Узбекистон ягона дастае гардид, ки дар Олимпиада бидуни мағлубият ширкат кард. Узбекистон дар мусобиқоти то имрӯз баргузоршуда миёни 188 даста бо 16 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсафи ягона гардид. Дастаи Ҳиндустон-2 бо Озарбойҷон бозиро мусовӣ (2:2) анҷом дода, бо 15 имтиёз дар ҷои дуюм боқӣ монд.
Дастаи занонаи шоҳмоти Узбекистон аз тими Исроил бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрд. Дастаи занона бо 10 хол миёни 164 даста дар ҷои 40-ум қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот аз 29 июл то 9 август дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон ҷараён мегирад. Дар сабқати мардон 188 даста, дар сабқати занон 162 даста бозӣ карда, ҳар кадом бо 4 бозигари асосӣ ва 1 бозигари ивазкунанда ширкат мекунанд. Ташкилотчиёни он Федератсияи умумиҳиндустонии шоҳмот ва Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФБШ) мебошанд.
Олимпиадаи 44-уми ФБШ-ро чӣ гуна метавон тамошо кард.
Шумо метавонед Олимпиадаи 44-уми ФБШ ва Олимпиадаи занонаи шоҳмотро мустақиман дар Chess.com/TV ва дар шабакаи Twitch ё тамоми пахшҳои мустақимро дар YouTube.com/ChesscomLive тамошо кунед.
Шумо инчунин метавонед аз тамоми тафсилоти ҳарду рӯйдод дар платформаи live events тавассути пахш кардани манбаи зарурӣ: Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот | Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот миёни занон огоҳ шавед.
АКС: аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи шоҳмот дар Ҳиндустон. Акс аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






