ОЛИМПИАДАИ ШОҲМОТ ДАР ҲИНДУСТОН. Дастаи мардонаи Узбекистон дар ҷадвали мусобиқа пешсаф шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 77-ум қарор дорад

Август 8, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 08.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 7 август, дар Олимпиадаи 44-уми шоҳмот дар Ченнайи Ҳиндустон даври 9-ум ба анҷом расид. Дастаи мардонаи Тоҷикистон пас аз шикаст дар даври 6-ум аз Андора се бозии дигар баргузор кард, ки дар дутоаш пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дод. Шоҳмотбозони  тоҷик бар дастаи Гаити бо ҳисоби 4:0 ғолиб омада, баъд бо Сингапур мусовӣ- 2:2 карданд ва дар даври 9-ум бар Эстония бо ҳисоби 2,5:1,5 пирӯз шуданд. Имрӯз Тоҷикистон бо дастаи Чили бозӣ мекунад. Қариб ҳамаи аъзои дастаи Тоҷикистон нишондиҳандаҳои худро беҳтар кардаанд, вале бештари холҳоро Ҷалолиддин Илҳомӣ ба даст овардааст. Дар ҷадвали  умумӣ мардон ба зинаи 51-ум баромаданд.

Дастаи занонаи Тоҷикистон субҳи 7 август бо дастаи Исландия бо ҳисоби 2:2 мусовӣ карда, баъдан бар дастаи Тайбэйи Чин бо ҳисоби 4:0 ғолибияти калон ба даст овард, вале дар даври 9-ум аз даниягиҳо бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрд. Миёни занон Надежда Антонова холи бештар ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа дастаи занонаи Тоҷикистон дар ҷои 77-ум қарор дорад.

Дар даври нуҳуми Олимпиадаи шоҳмот дастаи мардонаи Узбекистон бар тими Арманистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, дар ҷадвали мусобиқаи  олимпӣ ба мақоми 1-ум баромад.

То 7 август дастаҳои мунтахаби Арманистон ва Узбекистон бидуни мағлубият дар Олимпиада иштирок доштанд. Тибқи натиҷаҳои  8 август Узбекистон ягона дастае гардид, ки дар Олимпиада бидуни мағлубият ширкат кард. Узбекистон дар мусобиқоти то имрӯз баргузоршуда миёни 188 даста бо 16 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа пешсафи ягона гардид. Дастаи Ҳиндустон-2 бо Озарбойҷон бозиро мусовӣ (2:2) анҷом дода, бо 15 имтиёз дар ҷои дуюм боқӣ монд.

Дастаи занонаи шоҳмоти Узбекистон аз тими Исроил бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрд. Дастаи занона бо 10 хол миёни 164 даста дар ҷои 40-ум қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот аз 29 июл то 9 август дар шаҳри Ченнайи Ҳиндустон ҷараён мегирад. Дар сабқати мардон 188 даста, дар сабқати занон 162 даста бозӣ карда, ҳар кадом бо 4 бозигари асосӣ ва 1 бозигари ивазкунанда ширкат мекунанд. Ташкилотчиёни он Федератсияи умумиҳиндустонии шоҳмот ва Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФБШ) мебошанд.

Олимпиадаи 44-уми ФБШ-ро чӣ гуна метавон тамошо кард.

Шумо метавонед Олимпиадаи 44-уми ФБШ ва Олимпиадаи занонаи шоҳмотро мустақиман дар Chess.com/TV ва дар шабакаи Twitch ё тамоми пахшҳои мустақимро дар YouTube.com/ChesscomLive тамошо кунед.

Шумо инчунин метавонед аз тамоми тафсилоти ҳарду рӯйдод дар платформаи live events тавассути пахш кардани манбаи зарурӣ: Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот | Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот миёни занон огоҳ шавед.

АКС: аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Олимпиадаи шоҳмот дар Ҳиндустон. Акс аз манбаъҳои боз

Август 8, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ менамояд
Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор мегардад
Саидҷамол Алимардонов сазовори Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмалик гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозиашро анҷом дод
Кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
Байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «361»-и Чин созишнома ба имзо расид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии санҷишӣ тими миллии Чинро бо ҳисоби калон мағлуб намуд
ҶУДО. Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Абузабӣ баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд
Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии Гран – Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад