ҶОМИ КФО-2022. Имрӯз «Хуҷанд»-и Тоҷикистон бо «Суғдиён»-и Узбекистон бозӣ мекунад

Август 17, 2022 13:28

ДУШАНБЕ, 17.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бозии финалии минтақаи марказии Ҷоми КФО-2022 миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Суғдиён»-и Узбекистон баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 15:30 оғоз мегардад, хабар доданд дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани вақти асосии рақобат миёни дастаҳои футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва «Суғдиён»-и Узбекистон ду қисми иловагӣ иборат аз 15-дақиқагӣ таъйин карда мешавад. Агар ғолиб дар ин муддат ҳам муайян нашавад, бар асоси муқаррароти ФИФА силсилазарбаҳои 11-метра барандаи бозиро маълум менамоянд.

Тамоми мухлисон ва ҳаводорони футболи тоҷик ба варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» даъват мешаванд, то дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистонро дар ин бозии муҳим дастгирӣ кунанд.

Акс: ФФТ

Август 17, 2022 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад