ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2022. Дастаҳои «Истиқлол», «Хатлон», «Эсхата» ва «Кӯктош» бар ҳарифонашон ғолиб омаданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 оид ба футбол, ки 27-28 август дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор гардиданд, ҷуфтҳои нимфинал муайян шуданд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ ба майдон баромаданд. Бозигари дастаи «Файзканд» Обама Арсен аллакай дар дақиқаи 9 ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 34 футболбози дастаи мизбон Худойдод Узоқов ҳисоби бозиро баробар намуд – 1:1. Худойдод дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 87 боз як гол зада, ғалабаи дастаашро таъмин кард.
Мавриди зикр аст, ки 28 август се бозии дигари даври мазкур сурат гирифтанд. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Дастаҳо дар майдони «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд бозӣ карданд. Голи ягонаро Санҷар Рихсибоев дар аввали нимаи дуюми бозӣ ба нишон расонид. Дастаи футболи «Саройкамар»-и наҳояи Панҷ дар бозии хонагӣ аз дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаро Тоҳирҷон Тағойзода дар дақиқаи 80-ум зад. Дар бозии охирини даври чорякфинал дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро дар дақиқаи 15 Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонд.
Дар нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2022 дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ рақобат мекунанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






