Парвозҳои мустақим миёни Қазон ва Душанбе барқарор мешаванд

Август 2, 2022 09:43

ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Парвозҳои мустақим миёни Қазон ва Душанбе аз 4 август шурӯъ мешаванд. Парвозҳо бо ҳавопаймоҳои «Boeing 737-800» анҷом дода мешаванд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбе, 1 август маркази матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Қазон хабар додааст.

«4 августи соли 2022 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳоро аз фурудгоҳи Қазон ба Душанбе барқарор мекунад. Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои «Boeing 737-800» бо 189 ҷойи нишаст рӯзҳои панҷшанбе сурат мегиранд», — омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, ки парвоз аз пойтахти Тотористон соати 21:00 ва расидан ба Душанбе соати 02:45-и рӯзи дигар дар назар аст. Парвози бозгашт аз пойтахти Тоҷикистон соати 18:00, расидан ба Қазон соати 19:30 мебошад.

Давомнокии парвоз тақрибан сеюним соат хоҳад буд.

АКС: kazan.aero

Август 2, 2022 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ