Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии «Суғдиён»-ро ифтитоҳ карданд
ДУШАНБЕ, 10.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён”-ро ифтитоҳ карда, бо шароити он шинос шуданд.
Маркази инноватсионӣ ва истеҳсолии “Суғдиён” дар масоҳати 387 метри мураббаъ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Зафар Умаров бо харҷи 2 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот соли 2015 оғоз гардида, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якум нуқтаи фурӯши компютерҳои муосир, камераҳои мушоҳидавӣ ва маркази омӯзиши барномаҳои компютерӣ ҷой дода шудааст. Дар ин ҷо 6 нафар бо кор ва маоши миёнаи аз 1500 то 1800 сомонӣ таъмин гардиданд.
Дар ошёнаи дуюм аз тарафи соҳибкори ватанӣ Хайрулло Исломов сехи дӯзандагӣ барои истеҳсоли куртаҳои мардона ва бачагона ташкил гардидааст.
Дар коргоҳ 20 адад дастгоҳи дӯзандагӣ ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ харидорӣ ва васл карда шудааст.
26 нафар занони маҳаллӣ бо ҷойи нави корӣ ва бо музди миёнаи меҳнат аз 1200 то 1800 сомонӣ таъмин гаштанд.
Аз тарафи соҳибкорон барои кормандони маркази инноватсионӣ дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои корӣ, ошхона ва маркази истироҳатӣ ташкил гардидааст.
Баъди ифтитоҳи марказ ва шиносоӣ бо шароити кор дар он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон барои ободии як гӯшаи диёр ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вазири неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Алиободиро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”
Барқияи изҳори тасаллӣ ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоиза – эътирофномаи Донишгоҳи сулҳи СММ сарфароз гардонида шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи муовинони Дабири кулли СММ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд






