Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии «Тоҷи заррин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба100 нафар ятими кулл туҳфаҳо тақдим карданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд ва ба 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров туҳфа тақдим карданд.
Маҷмааи хизматрасонии «Тоҷи заррин» аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Маҷмааи хизматрасонӣ дар масоҳати 0,21 гектар ҷойгир буда, барои қабули 300 нафар дар як вақт омода мебошад.
Иншоот аз ҷониби соҳибкор Раъно Ҳоҷиматова бунёд гардида, бештар аз 30 нафар коргари ҶДММ «Канд-сохтмон» тадбирҳои сохтмониро ба анҷом расониданд. Дар Маҷмаи хизматрасонии «Тоҷи заррин» 30 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд ва барои бунёди он зиёда аз 6 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи заррин” бо 100 нафар ятими кулл аз шаҳри Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров мулоқот анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.
Ташаббуси башардӯстона дар заминаи ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат нисбат ба ятимону бепарасторон ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа роҳандозӣ гардид, ки хусусияти доимӣ касб карда, нишонаи раъиятпарварӣ ва татбиқи муваффақонаи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат






