Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд

Август 1, 2022 12:27

ДУШАНБЕ, 01.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Иро, ки ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карданд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуръати муносибатҳои дӯстона ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ҳарду кишварро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид намуда, зикр карданд, ки «Тоҷикистон ва Чин ҳамсояҳои наздик буда, мо ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи бисёрҷанбаи ду кишвар дар ҳама шаклҳо ҳавасмандем».

Аз сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамчунин дар соҳаи амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Бояд гуфт, ки Чин мавқеи яке аз шарикони бузургтарини тиҷоратӣ ва сармоягузори Тоҷикистонро устуворона нигоҳ медорад. Тибқи омор, дар нимаи аввали соли равон гардиши мол миёни ду кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ҳаштоду ду дарсад афзоиш ёфта, беш аз нуздаҳ дарсад аз ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин замина зарурати андешидани тадбирҳо барои баланд бардоштани суръати муқарраршудаи рушди тиҷорат ва пешбурди минбаъди он таъкид карда шуд.

Дар ин робита ҷонибҳо роҳҳои рушди минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, «технологияҳои сабз» ва нақлиёт, аз ҷумла роҳандозии содироти маҳсулоти Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзиро ба бозорҳои Чин баррасӣ карданд. Ба ҷониби Чин барои ҷудо намудани вояҳои нави ваксина бар зидди бемории сироятии коронавирус изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар сиғаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҷонибҳо ба ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла, рӯзномаи ҷаласаи қарибулвуқӯи сарони давлатҳои ин созмон, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Масъалаҳои муборизаи минбаъдаи муштарак бар зидди терроризму экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, киберҷиноят ва дигар таҳдидҳои амниятӣ низ баррасӣ шуданд.

Зимни баррасии масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ҷонибҳо оид ба вазъи кунунии Афғонистон ва дурнамои рушди он табодули афкор намуданд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И 01.08.2022

Август 1, 2022 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд