Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Август 12, 2022 07:45

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 август Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави Маркази адлия дар шаҳри Гулистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ва сохторҳои он бунёд карда шуд. Корҳои сохтмонию бинокории бинои маркази адлия дар шаҳри Гулистонро ҶДММ «Чашма»-и шаҳри Панҷакент бо сифати хуб ба иҷро расонидааст.

Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум равзанаи ягона, китобхона бо гирд овардани китобҳои нависандагони маъруфи тоҷик ва дастурҳои соҳавӣ, утоқи кории кормандону мутахассисони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Гулистон, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории нотариусони давлатӣ ва толори ақди никоҳ ҷой дода шудаанд.

Зимни шиносоӣ бо имконияти фароҳамоварда барои фаъолият ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бинокориву сохтмонӣ баҳои хуб дода, таъкид намуданд, ки кормандону мутахассисони мақомоти адлия бояд дар самти татбиқи босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи одобу маърифати оиладорӣ саҳм гузоранд.

Ба истифода додани бинои Маркази адлия дар шаҳри Гулистон 12.08.2022

Август 12, 2022 07:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон