Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нуҳошёнаи истиқоматиро ба истифода доданд

Август 12, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд бинои нуҳошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қобили зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат бо мақсади дастгирии мутахассисони соҳаҳои гуногун бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ калиди манзилҳои нави истиқоматиро тақдим намуданд. Маҳз бо ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат 45 нафар дар ин бинои хуштарҳу зебо соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд ва барои ин ташаббуси инсондӯстона ба Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуданд.

Дар бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ 10 манзили якҳуҷрагӣ, 18 адад дуҳуҷрагӣ ва 17 манзили сеҳуҷрагӣ ҷой дода шудаанд. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ мутобиқ ба талаботи меъморӣ анҷом додаанд.

Хонаҳои истиқоматӣ мувофиқ ба талаботи рӯз бунёд гардида, дар бинои баландошёна лифт низ насб гардидааст. Дар саҳни бинои истиқоматӣ майдончаҳои бозӣ барои кӯдакон, таваққуфгоҳ барои нақлиёт сохта шуда, атрофи иншоот сабзу хуррам гардонида шудааст.

Дар асоси сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат дар шафати бинои нуҳошёна чойхонаи миллӣ бо санъатаи баланди меъморӣ сохта шудааст. Чойхонаи «Темурмалик» бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардида, дар он маркази ҳунармандӣ, сартарошхона ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ барои бошандагони маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд ташкил шудаанд.

Дар шафати бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ лоиҳаи бунёди се бинои баландошёна ва мактаби нави инноватсионӣ муаррифӣ карда шуд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот доданд, ки биноҳои баландошёнаи иҷтимоӣ ва мактаби нави инноватсионӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сохта мешаванд.

Иншоот аз таҳхона, 4 ошёна ва хобгоҳ иборат буда, барои 640 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ мешавад.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятимони кулл, ки ҳамеша аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат бархӯрдор ҳастанд, мулоқот намуданд.

Дар ин рӯз ба 100 нафар ятимони кулл аз шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон, ноҳияҳои Спитамен ва Зафаробод, инчунин мактаб-интернати назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд туҳфаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардиданд.

Ин туҳфаҳо аз маблағҳои пулӣ, маҷмӯи либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш иборат буда, боиси хушҳолӣ ва сарфарозии 100 нафар ятимони кулл гардиданд.

Ифтитоҳи бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ, муаррифии лоиҳаи бунёди иншооти нав ва мулоқот бо ятимони кулли шаҳри Хуҷанд 12.08.2022

Август 12, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда хатти оби полезиро ифтитоҳ намуданд ва бо лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд