Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ ва ифротгароиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 31.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ ва ифротгароӣ, тундгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти расмии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб баррасӣ гардиданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар доданд, 27 август сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сурат гирифт.
Зимни сафари корӣ мулоқоти расмии Юсуф Раҳмон бо Прокурори генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Сауд Абдуллоҳ Алмуаҷиб доир гардида, масъалаҳои муқовимат ба терроризми байналмилмилалӣ ва ифротгароӣ, тундгароӣ, хариду фурӯши одамон, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, дар ҳудуди Арабистони Саудӣ террористӣ эътироф намудани баъзе ташкилот ва гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромиллӣ баррасӣ гардиданд.
Баҳри амалӣ гардонидани мувофиқатҳои бадастомада ва дар чорчӯбаи шартномаҳои байналмилалӣ ба расмият даровардани он миёни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризм, маблағгузории он, қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он (ҷиноятҳои предикатӣ) Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд.
АКС: Маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






