ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ! Хонандагон донистан мехоҳанд, ки дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кӣ ба кадом вазифа таъйин шуд
ДУШАНБЕ, 28.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, 17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъули Вазорати корҳои дохилӣ таъйин гардиданд, ба ҳузур пазируфтанд. Зимни суҳбат бо кадрҳои ин ниҳоди давлатӣ Пешвои миллат асосан таъмини суботу амният, таҳкими волоияти қонун, мубориза алайҳи ҳамагуна ҷинояткорӣ, бахусус терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳоеро, ки дар шароити авзои мураккабу печидаи минтақа ба амнияту субот ва зиндагии осудаи мардум хатар доранд, таъкид намуданд.
Хонандагон аз мо пурсон мешаванд, ки дар ВКД ҶТ кӣ ба кадом вазифа таъйин шудааст? Вобаста ба ин дар маркази матбуоти ин ниҳод ба мо чунин посух доданд.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳибтаҷриба, кордону болаёқат ба вазифаҳои зерин таъйин гардиданд:
Аз он ҷумла:
— генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Шарифзода Темур Икром ба вазифаи сардори Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Қурбонзода Суҳроб Амиралӣ ба вазифаи сардори Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— полковники милитсия Саидзода Раҳматулло Аҳмад ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон;
— полковники милитсия Раҳимзода Файзулло Изатулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сангвор;
— полковники милитсия Шарифзода Қиёмиддин Маҳмадулло ба вазифаи сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ;
— полковник Абдулҳайзода Шодмон Убайдулло ба вазифаи командири баталйони таъйиноти махсуси (қисми ҳарбии 3505) Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— подполковники милитсия Асрори Искандар Карим ба вазифаи сардори ШВКД дар нақлиётбудаи вилояти Суғд;
— майори милитсия Шамсулозода Баҳром Салом ба вазифаи сардори ШВКД хати фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе
— подполковники милитсия Мирзозода Рамазон Бозоралӣ ба вазифаи сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб;
— майор Сафаралиев Мирзоалӣ Шералиевич ба вазифаи командири баталйони алоҳидаи фаврии таъйиноти махсуси (қисми ҳарбии 3504) Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— майори милитсия Аминзода Ҳабибулло Саидмурод ба вазифаи сардори ШВКД дар нақлиётбудаи вилояти Хатлон.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд






