Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони Истаравшан, Шаҳристон ва Деваштич мулоқот намуд
СУҒД, 04.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 август дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо фаъолону сокинони шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Шаҳристону Деваштич мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни мулоқот бо фаъолону сокинони шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Шаҳристону Деваштич аз дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, ваҳдати сартосарӣ ва рушди Тоҷикистонро аз баракати истиқлол ва файзи он арзёбӣ намуд.
Дар мулоқот муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, муовинон ва роҳбарони дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳои Шаҳристону Деваштич, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, воҳидҳои сохторӣ, зиёиён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки «вазъи тағйирёбанда ва пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, баландии бесобиқаи ҳарорати ҳаво ва ба миён омадани камобӣ моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар фаъолият намуда, саҳми арзандаи худро дар бартарафсозии оқибатҳои вазнини он гузорем. Сулҳу ваҳдат, истиқлолу озодӣ ва рукнҳои беҳтарини давлатдорию ватандориро ҳифз намоем. Дар пешрафт ва сарсабзии диёр саҳм гузорем».
Дар мулоқот фаъолони шаҳр ва ноҳияҳо доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯз, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, дастгирӣ ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонон, инчунин хамаҷониба дастгирӣ намудани дастуру хидоятҳои Сарвари мамлакат оид ба истифодаи дурусти ҳар ваҷаб замин, захираи дусолаи хӯрокворӣ ва пешгирии исрофкорӣ ибрози назар намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо таъкид аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат фаъолони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳоро даъват намуд, ки ҷиҳати самаранок ва оқилона истифода бурдани замин, бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олӣ бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои муҳими сиёсии дарпешистода содиқона меҳнат намоянд.
АКС: дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан









Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои таълиму тарбия, сифати таҳсил ва гузариш ба низоми 12-солаи таълим баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти такмили низоми идоракунии молияи давлатӣ густариш меёбад
Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад






