Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо гурӯҳи соҳибкорон аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар шаҳри Бохтар мулоқоти Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо гурӯҳи соҳибкорон аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.
Мулоқот дар доираи ташрифи ҳайатҳои Амороти Муттаҳидаи Араб ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб-2022» баргузор гардид.
Дар мулоқот зикр гардид, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои арабӣ, махсусан Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб, дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми хос дошта, таҳлили рушди муносибатҳои дуҷониба аз рушди муттасили равобити тиҷоратию иқтисодӣ шаҳодат медиҳад.
Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки дар 7 моҳи соли равон аз вилоят ба хориҷи мамлакат наздик ба 80 тонна анвои мухталифи маҳсулоти кишоварзӣ бароварда шудааст.
Роҳбари ҳайати намояндагони Амороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ Марям Ашшиносӣ ҳадафи сафари соҳибкорони арабро пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ ва таҳкими ҳамкорӣ арзёбӣ кард.
«Мо ният дорем, ки дар муддати 6 моҳи оянда ҳамчунин бонувони тоҷирро аз ҳавзаи кишварҳои арабӣ барои ҳамкорӣ бо ширкатҳо ва соҳибкорони тоҷикистонӣ ҷалб намоем ва сафарҳои омӯзишиву равобити устувори тиҷоратиро ба роҳ монем», — гуфт Марям Ашшиносӣ.
Намояндаи гурӯҳи соҳибкорони араб Ҳаким Ҳалимӣ иброз дошт, ки дар Арабистони Саудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Араб раванди вусъатманди ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдилёбии Тоҷикистонро пайгирӣ мекунанд.
Ба қавли ӯ, ҳайате, ки аз ин ду кишвар ба Хатлонзамин ташриф овардааст, омодаи роҳандозии ҳамкорӣ дар самти бандубаст ва коркарди мева, гӯшт, пиставу меваи хушк, ангишт ва атриёт ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки 26-27 август дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии иқтисодии «Кӯлоб-2022» баргузор мегардад, ки дар он намоишгоҳи молу маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ дар бахши саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонии бонкӣ пешкаши меҳмонон мешаванд.
АКС: шуъбаи иттилоотӣ ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Халон








Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид






