Роҳҳои мошингарди ноҳияи Ашт чароғон мешаванд

Август 14, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 14.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  маркази маъмурии ноҳияи Ашт бо сутунҳои равшанидиҳандаи муосир чароғон гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд, дар пайи ин ибтикор симои ноҳия  таровати дигар гирифт. Дар идомаи иқдомҳои ободкорона  сокинони Ҷамоати деҳоти Ашт низ дар деҳаи Дӯстӣ дар канори роҳи Хуҷанд-Ашт сутунҳои равашанидиҳандаи замонавӣ насб карданд, ки дар ҷараёни ҷойгузории он Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода иштирок намуд.

Дар ҷараёни суҳбат Шӯҳрат Муҳаммадзода ба масъулон дастур дод, ки ҳолати бехатарии ҳаракат дар роҳ ва сутунҳои равшанидиҳандаи барқ ҷиддан риоя карда шавад.

Зикр шуд, ки то охири моҳ шумораи ин гуна сутунҳо ба 30 адад расонида мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

 

Август 14, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад