«РОҲҲОИ ОБОДИ БАЙНИ ДЕҲОТ». Таҳти чунин унвон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон озмун эълон намудааст
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Роҳҳои ободи байни деҳот» — таҳти чунин унвон Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ озмун эълон намудааст, ки ҳадафаш амалӣ намудани «Барномаи рушди ободонии роҳҳои деҳот барои солҳои 2022-2026», инчунин ҳавасмандгардонии муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақа ва шаҳру ноҳияҳои кишвар мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Дар озмун муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди /МДНРА/ минтақа ва шаҳру ноҳияҳои тобеи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок кардан доранд.
Ба фаъолияти муассисаҳое, ки дар озмун иштирок менамоянд, аз рӯи талаботи гуногун, аз ҷумла тибқи нақша иҷро гардидани корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои мошингард, аз роҳҳои таъмиршуда чанд километр дар тавозуни МДНРА-ҳо қарор доштан, сифати иҷрои корҳои таъмири роҳу кӯчаҳои дар нақша пешбинишуда, иҷрои корҳо бо истифода аз маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷалби ширкатҳо ва соҳибкорони ватанӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳо, миқдори мумфаршкунии роҳу кӯчаҳои таъмиршуда бо км ва фоиз, ба категорияҳои 4 ва 5 дохил шудани чанд километри роҳ баҳо гузошта мешавад.
Комиссияи озмунӣ баъди таҳлил ва баҳогузорӣ беҳтарин «Роҳҳои ободи байни деҳот»-ро муайян намуда, бо мукофотпулӣ ва диплом сарфароз мегардонад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






