Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент беш аз 460 километр роҳҳои маҳаллӣ бо ташаббуси соҳибкорони саховатпеша ва сокинони маҳаллӣ таъмиру навсозӣ шуданд. Ин иқдоми бузурги ободонӣ намунаи олии ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар рушди инфрасохтори минтақа арзёбӣ мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақормоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.
Бо саҳми соҳибкори ватандӯст, сокини деҳаи Миндонаи деҳоти Ёрӣ бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ 2,1 километр роҳи деҳа мумфарш гардид. Дар ду канори ин роҳ ҷӯй ва аз зери он 12 ҷӯйи обгузар сохтанд. Ҳоло бошад барои мумфарш намудани боз ду километр роҳи дохили деҳа омодагӣ мегиранд. Ҳамчунин сокини деҳа Баҳодур Қурбонов ва ҳамсараш 40 ҳазор сомонии барои ҳаҷи умра захиракардаашонро барои ободонии роҳ тақдим карданд.
Инчунин дар деҳоти Лоиқ Шералӣ дар маҷмӯъ 41 километр роҳҳои маҳаллӣ ва кӯчаҳо бо дастгирии соҳибкорону сокинон мумфарш гардиданд.
Ҳамчунин бо дастгирии муассисаи истифодаи роҳҳои автомобилгард ва аҳолӣ 110 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру қумпӯш карда шудааст, таъмиру навсозӣ дар шаҳр идома дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






