Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи таҳсилоти томактабии «Шукуфаи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 12.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 12 август дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 18-и ба номи «Шукуфаи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои нави муассиса бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва бо фармоиши идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Тавфиқ» бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланд бунёд гардид.
Корҳои сохтмонӣ аз моҳи декабри соли 2021 оғоз гардида, дар 8 моҳ ба анҷом расиданд. Дар сохтмони бино маҳсулоти хушсифати ватанӣ истифода шудааст.
Муассисаи таълимии томактабии «Шукуфаи Истиқлол» аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, барои таълими 250 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар ин муассисаи таълимии замонавӣ 13 нафар мураббӣ дар 10 гурӯҳ ба таълиму тарбияи дӯстрӯякон машғуланд.
Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар муассиса ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд. Дар саҳни муассиса ҳавзи шиноварӣ бо фаввора, айвончаҳои фароғатию машғулиятӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон бунёд шудаанд. Деворҳои саҳни муассиса бо расмҳои қаҳрамонҳои афсонаҳои халқи тоҷик оро дода шудаанд. Чароғҳои замонавӣ ва гулҳои рангоранг ба ин бинои замонавӣ ҳусни тоза мебахшанд.
Зимни боздид аз муассисаи таҳсилоти томактабӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мураббиёни он дастур доданд, ки таълиму тарбияро дар сатҳи баланд ба роҳ монда, дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ саҳми арзанда гузоранд, то дар оянда шогирдони онҳо барои пешрафти Тоҷикистони азиз хизмат намоянд.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия






