Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Конибодом Паранда»-ро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 11.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом Паранда” оғози расмӣ бахшиданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом Паранда” дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом дар заминаи тадбирҳои вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бо сармоягузории соҳибкорони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таъсис дода шуда, барои истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда пешбинӣ гардидааст. Фабрикаи парандапарварӣ дар як сол иқтидори истеҳсоли 2 ҳазор тонна гӯшти мурғро дорад.
Фабрикаи парандапарварӣ дорои чор бино буда, дар ин ҷо имкон аст, ки дар як давра 100 ҳазор ва дар панҷ давра, яъне давоми як сол 500 ҳазор сар чӯҷаи гӯштии зоти бройлерӣ парвариш карда шавад.
Ба таъкиди мутахассисон, чӯҷаҳои зоти бройлерӣ давоми 40-45 рӯз ба ҳисоби миёна 2 — 2,2 кило вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мешаванд.
Айни замон дар корхонаи парандапарварӣ зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардидаанд.
Ҳадафи асосии ташаббускорони бунёди ин фабрика бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ, содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи мамлакат ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мебошад.
Чӯҷаҳои гӯштии зоти бройлерӣ асосан аз фабрикаи парандапарварии “Суғд Самарқанд Паранда”-и шаҳри Хуҷанд дастрас карда мешаванд.
Дар ин ҷо ҷараёни нигоҳубини чӯҷаҳо, муайян намудани ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво ва додани обу ғизо тавассути технологияи муосир, ки аз Ҷумҳуриии Мардумии Чин оварда шудааст, амалӣ карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон дастур доданд, ки бобати афзоиши саршумори паранда ва зиёд кардани ҳаҷми гӯшти парҳезӣ аз имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.









Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд






