Сарвазири Тоҷикистон бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 02.08.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ доктор Нойиф Фаллоҳ Муборак ал-Ҳаҷраф мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Нақши Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Халиҷ, роҳандозии муколамаи стратегӣ миёни Шӯрои ҳамкорӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва эҷоди қолаби нави ҳамкории бисёрҷониба бо кишварҳои арабии Халиҷ, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, истихроҷи маъдан, саноат, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт, авҷ гирифтани зуҳуроти номатлуби аср, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва афзоиши қочоқи силоҳу маводи мухаддир аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба вусъат бахшидани ҳамгироӣ дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳавасмандӣ зоҳир карданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон муносибати неки фарогири ҳамаи самтҳоро бо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷ ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявӣ ба татбиқи лоиҳаҳо низ вусъат мебахшад.
Дар мулоқот имзои Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дабирхонаи кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ дар раванди таҳкими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои арабии Халиҷ муҳим арзёбӣ карда шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






