ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 август, шанбе, 232-умин рӯзи соли 2022 аст

Август 20, 2022 08:00

20 августи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро имзо намуданд.

***

9 сол пеш, 20 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «60 — солагии ЮНЕСКО» сарфароз гардонида шуданд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро барои ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шуданаш табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Дилшод Назаров бо гирифтани медали тиллоии ин мусобиқаи ҷаҳонӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, Парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст.

20 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тоҷикистон – Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон.

***

Дар Эстония – Рӯзи бозгашт ба истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

20 августи соли 2013 дар мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иҷлосияи 68-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид Ҷон Эш масоили ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ шуд.

***

20 августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор гардид.

***

8 сол пеш, 20 августи соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи серӯзаи Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ оғоз гардид.

***

20 августи соли 2016 дар варзишгоҳи «Авиатор» — и шаҳри Душанбе миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Хайр» бозии чорякфиналии Чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1934 ИМА ба Созмони байналмилалии меҳнат ҳамроҳ шудааст.

***

20 августи соли 1913 дар Киев аввалин олимпиадаи варзишии умумироссиягӣ баргузор шуд.

***

20 августи соли 1945 Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ Хартияи СММ-ро тасдиқ намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1896 телефони рақамӣ ихтироъ карда шуд.

***

Соли 1925 дар Рим аввалин хати метро ба истифода дода шуд.

Август 20, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш